Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни афви амвол тамдид шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои дувумин бор замони иҷрои қонуни афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро бинобар қонунигардонии молу мулк тамдид кард. Сабаби ин иқдом муроҷиати зиёди шаҳрвандон ва тангии фурсат барои расидагӣ ба дархости онҳо унвон шудааст.

Аммо Шодӣ Шабдолов вакили МН мегӯяд, як сабаби дигари тамдиди дубораи ин қонун дар назар нагирифтани ҳамаи ҷанбаҳои амалисозии он дар замони қабули қонуни афи моликият дар якуним соли пеш буд. Ба гуфтаи ҷаноби Шабдолов, мушкилоти фаровоне зимни иҷрои ин қонун пеш омада, ки мӯҷиби тамдиди замони иҷрои он шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе таҳлилгарон ва маҳофили сиёсӣ тамдиди замони иҷрои қонуни афви моликиятро бештар дар ростои манофеъи доираҳои хоси сарватманд ва мансабдор қобили арзёбӣ медонанд. Шокирҷон Ҳакимов, устоди донишгоҳ ва муовини раиси ҲСДТ дар ин бора мегӯяд, доираҳое, ки бо истифода аз авзои ноороми гузашта ва имконоти идорӣ моликият ва сарват андухтаанд, ба тамдиди ин қонун манфиатдор мебошанд.

Қонуни афви шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба қонунигардонии молу мулк дар моҳи майи соли 2007 бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Маҷлиси Намояндагон қабул шуд. Ин қонун дар шаш моҳи пеш низ бори аввал барои шаш моҳ тамдид шуда буд.

XS
SM
MD
LG