Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи молӣ дар Тоҷикистон идома меёбад



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври истисноӣ муҳлати қонунӣ кардани маблағҳои шаҳрвандони ин кишварро, ки тибқи фармони қаблии у то 1-уми июн таъйин шуда буд, 10 рузи дигар тамдид кард.

Зафар Саидов - сухангуи раиси ҷумҳури Тоҷикистон иллати тамдиди муҳлати қонунӣ кардани маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дархости тақозокунандагон ва адами имкони бонкҳои ин кишвар ҷиҳати анҷоми босуръати ин ҷараён дар рузҳои поёни маърака арзёбӣ кард.

Вай гуфт: "Тамдиди муҳлати қонунигардонӣ, ки амали якдафъаинаи истисноӣ мебошад, пеш аз ҳама вобаста ба он аст, ки шаҳрвандони соҳибкор одатан ба гардиши фаъоли маблағҳояшон манфиатдор мебошанд. Ва аз ин лиҳоз қонунигардонии маблағҳоро эҳтимол дар рузҳои охири ин чорабинӣ ба нақша гирифтаанд. Дар робита бисёр шаҳрвандоне пайдо шуданд, ки дар мавриди қонунӣ гардонидани маблағҳои ғайрирасмиашон ба қарори қатъӣ маҳз рузҳои охир омадаанд. Зиёда аз ин баъзе бонкҳои масъули ҷумҳурӣ низ имкон пайдо накарданд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон хизмат расонанд."

Аз суи дигар иқтисодшиносони мустақил тули ин муддат, яъне аз рузи 10 март замони нашри фармони раиси ҷумҳурӣ дар бораи авфи молӣ ва қонунӣ кардани воситаҳои молӣ, маблағи чандоне ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ворид нашудааст. Аз ин ҷиҳат мақомоти кишвар даст ба тамдиди ин муҳлат заданд. Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки маблағи шаҳрвандон бояд ба хазинаи онҳо ворид шавад, аз додани ҷузъитарин маълумот дар ин маврид, ки то кунун чӣ миқдор маблағ вориди бонкҳо шудааст, худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG