Маросими бахоксупорӣ дар деҳаи Партизани ноҳияи Шаҳритӯс, ки 7 моҳ пеш Салоҳиддин онро ба қасди Русия ҷиҳати пайдо намудани рӯзӣ тарк намуда буд, доир гардид.
То замони шурӯъи маросими дафни Салоҳиддин тамоми аҳли деҳа ва сокинони ноҳия ба манзили падари ӯ омада, ба аҳли хонаводаи вай изҳори ҳамдардӣ карданд.
Баъд аз ҷанозаи Салоҳиддин мардони деҳаи Партизан дар хонаи падари Салоҳиддини марҳум ҷамъ омада, ба чунин қарор расиданд, ки бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ унвонии мақомоти Тоҷикистон ва Русия тақозои боздошту муҷозоти қотилони Салоҳиддин ва ҷилавгирӣ аз идомаи ҳодисаҳои қатлу зӯроварӣ нисбат ба мардикорони тоҷикистониро кунанд.
Муҳаббатшоҳи Азиз, падари марҳум Салоҳиддин, ки раиси деҳаи Партизан низ ҳаст, мегӯяд, дар рустои мазкур 189 хонавода ба сар мебаранд ва беш аз 180 сокини он феълан дар Русия мардикорӣ мекунанд. Яъне тақрибан аз ҳар хонавода як нафар. Вай мегӯяд, бо дидани турбати фарзанди хурдии худ, ки оғуштаи хун буду бисёр ваҳшиёна қатл шудааст, ҷигархунасту ҳамакнун тақдири ҳамдеҳагони дигараш, ки дар муҳоҷирати лоилоҷи корӣ ҳастанд, ӯро нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд: «Фарзанди хурдии ман низ ба мисли садҳову ҳазорҳо ҷавони тоҷик пайи дарёфти рӯзӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоъӣ ба Русия рафта буд. Ман дигар аз фарзандоне, ки дар мардикорӣ ҳастанду ҳар лаҳза бо хатари ҳуҷумҳои фашистону скинҳедҳо рӯ ба рӯ мебошанд, бисёр дар ташвиш мебошам. Наход, ки ҳукумати кишвари мо, созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқдифоъ, ниҳоят тамоми аҳли ҷомиъа натавонад пеши роҳи миллатгароёнро бигиранд. Имсол монанди ман, агар ҷасади 600 ҷавони тоҷик ба ватан оварда шуда бошад, 600 падару модар ҷигархун шуд, бефарзанд монд. Магар касе масъулият эҳсос намекунад барои ин ҳама фоҷиъа?!»
Дар ҳамин ҳол, сокини дигари деҳаи Партизан оқои Неъматуллоҳ, ки дар ҳоли ҳозир писару бародараш дар кишвари муҳоҷиратанд, мегӯяд, тақозои ӯву ҳамдеҳаҳояш ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти шаҳрвандонаш ва таҳти ҳимояи давлат нигаҳ доштани онҳо аз тадобири хосса кор бигиранд: «Тоҷикистон ё Русия ягон қонуни дурусте надоранд, ки амнияти муҳоҷирони кориро таъмин карда тавонанд. Дар Русия ҳуқуқи тоҷиконро бисёр вақт поймол мекунанд, онҳоро латукӯб мекунанд, ҳатто кормандони милисаи рус ҳам фишор меоранд. Ман худ, ки 15 сол дар Русия мардикорӣ кардаам, шоҳиди бевоситаи чунин ҳодисаҳо будам. Мо, аҳли деҳа, аз ҳукуматҳои кишвари худамон ва Русия аввал хоҳиш ва сипас талаб дорем, ки қотилони Салоҳиддинро пайдо кунанд ва ҷазои сазовор диҳанд».
Вазирбек Азизов, бародари Салоҳиддини кушташуда, мегӯяд, дар роҳи интиқоли турбати бародараш аз Русия ба Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Вай гуфт, ба дархостҳои батакрораш барои расонидани кумак дар таҳвили ҷасади Салоҳиддин дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҳеч расидагӣ нашудааст: «Ман даҳ маротиба ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиъат кардам, ҳар рӯз 1500 рубли русӣ сарф мекардам, то ба сафорат равам, дар ҳоле ки дар як рӯз ҳамагӣ 500 рубл кор мекардам. Аммо дар даромадгоҳи сафорат духтараке нишаста ва ҳар бор ба ман иҷозат намедод, ки бо сафир ё масъулон суҳбат кунам, ҳарчанд вазъиятамро мефаҳмондам. Намедонистам ҷасади бародарамро чигуна ба Тоҷикистон биёрам. Танҳо баъд аз он ки аз Тоҷикистон ба сафорат занг заданд, масъулон аз қазияи мо огоҳ шуданд. Ба мо ҳатто ширкатҳои русӣ кумаки молӣ карданд, аммо дар сафорат ягон ёрии воқеъӣ накарданд. Мисле ки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳеҷ қурбе барояшон надорем! Бо сарфи маблағҳои зиёд ҷасади бародарамро ба ватан баргардондам. Танҳо барои интиқоли тобут аз ман пул нагирифтанд, дигар ҳама хароҷот аз худи ман буд…»
Хол Раҳмонов, раиси ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, ҳукумати ноҳия аз қабл қазияи мазкурро пайгирӣ дошт ва бо миёнҷигарии ҳукумати маҳаллӣ Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳодиса огоҳ шуда, ба унвони мақомоти Русия нотаи эътирозӣ ирсол намуд. Мақомоти маҳаллӣ омода аст, афзуд ӯ, хароҷоти маросимҳои минбаъдаи хонаводаи Салоҳиддин Азизовро бар дӯш бигирад ва ба пайвандонаш аз лиҳози молӣ ёрӣ расонад.
Тибқи иттилоъи расмии мақомот, имсол ба Тоҷикистон ҷасади ҳудуди 600 шаҳрванди кишвар, ки дар хориҷи он мардикорӣ мекарданд, интиқол шудааст ва ки аз он миён наздики 200 нафарашон сокинони вилояти Хатлон ҳастанд.
Ҳодисаи қатли Салоҳиддини 20-сола дар Русия, дар миёни сокинони ҷануби Тоҷикистон, нигарониҳо ва вокунишҳои шадид ба бор оварда ва дар хонаводаҳое, ки пайвандонашон феълан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, низ чунин мушоҳада мешавад, ки тарсу ваҳм аз тақдири минбаъдаи онҳо эҷод шудааст.