Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА лоиҳаҳои энержии Тоҷикистонро амалӣ мекунад


Мусоҳиба бо Хусрав Нозирӣ, сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Хусрави Нозирӣ: - Ончи, ки барои Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ ҳоизи аҳаммият аст, он аст, ки аҳаммияти амалӣ гаштани лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, махсусан сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», бунёди хатти интиқоли барқ ва роҳи автомобилгарди Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон, истифодаи оби дарёи Омӯ барои инкишофи соҳаи кишоварзӣ дар Афғонистон, таъкид гардид.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо аз амалӣ гардидани лоиҳаҳои мазкур ҷонибдорӣ намуда, изҳор намуданд, ки омодаанд анҷоми омӯзиши техникӣ-иқтисодии ин лоиҳаҳоро ба уҳда гиранд. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки ҷониби Тоҷикистон рӯйхати лоиҳаҳои авлавиятноки худро ҳарчи зудтар ба ҷониби Комиссияи Аврупо пешкаш намояд. Инчунин аҳаммияти пулҳои аз болои дарёи Панҷ дар сарҳадди Тоҷикистону Афғонистон сохташуда, махсусан пули «Дӯстӣ», таъкид гардида, зарурати сохтмони боз як пули дигар дар минтақаи Кокул зикр карда шуд. Қайд гардид, ки бо ба истифода додани пулҳои мазкур ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзудани ҳаҷми додугирифти Афғонистон бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ба таври қобили мулоҳиза мусоъидат намудааст.

Аз Иттиҳоди Аврупо даъват ба амал омад, ки барои афзудани имкониятҳои транзитии Афғонистон ва таъмин намудани рушди иқтисодии он аз роҳу пулҳои Тоҷикистон ва зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода намояд.

- Оқои Нозирӣ, феълан, дар атрофи тарҳҳои энержии Тоҷикистон мушкилоти сиёсие вуҷуд дорад, ки бештар аз мухолифатҳои ҳамсоякишвари Тоҷикистон, яъне Узбакистон, бармеояд. Узбакистон вақтҳои ахир пайваста таъкид мекунад, ки ба хотири мушкилоти эҳтимолии муҳитзистӣ мухолифи анҷоми ин тарҳҳо мебошад. Оё доир ба масъалаи мухолифати ҳамсояҳо сӯҳбат шуд?

- Бале, шуд. Чуноне ки ман зикр намудам, ҷиҳати бартараф намудани суитафоҳум байни кишварҳои минтақа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Комисияи Аврупо изҳор намуданд, ки омодаанд анҷоми мутолиъоти иқтисодиву техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро ба уҳда гиранд ва ба ин тартиб тамоми масъалаҳое, ки ҳаст, аз миён бардоранд. Тоҷикистон аз ин иқдоми созмонҳои мазкур бисёр истиқбол намуд.

- Яъне, эҳсоси Шумо ин гуна аст, ки масъала, ки баландтар – ба сатҳи байнулмилалӣ – бардошта шуд, ҳоло Иттиҳоди Аврупо метавонад як кӯмаке ба фоидаи Тоҷикистон дар ин самт анҷом диҳад?

- Ҳар мутолиъоте, ки ин созмонҳо, ҳамчун созмонҳои обрӯманди байнулмилалӣ, дар мавриди лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ анҷом медиҳанд, албатта, аҳаммияти калон хоҳад дошт. Дигар, фикр мекунам, баъд аз ин мутолиъот он андешаҳое, ки баъзан аз ҷониби бархе кишварҳои ҳамсоя дар мавриди хатарнок будани нерӯгоҳҳои барқи обии кишвари мо ба экологияи онҳо садо медиҳад, бояд хомӯш шавад.

- Мо бояд мунтазири омадани ҳайъатҳои вижа, ҳайъатҳои мутахассисони аврупоӣ ба Тоҷикистон шавем, то онҳо ин тарҳҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд?

- Бале, алъон дар ин маврид бояд корҳо шурӯъ шаванд. Ширкатҳое, ки мутолиъоти лоиҳаҳоро анҷом хоҳанд дод, бояд муайян гарданд. Ва кор бояд баъди ин шурӯъ шавад. Амалисозии ин лоиҳаҳо – чи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи обӣ ва чи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳову хатҳои барқ – натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ муфид мебошад.

- Вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоя дар ин нишаст чи гуна баррасӣ шуд ва ба чӣ хулосаҳое даст ёфта шуд?

- Масъалаи таъмини амният дар Афғонистон яке аз масъалаҳои асосӣ дар ин мулоқот буд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки бидуни таъмини амну субот дар Афғонистон мо наметавонем дар бораи эҷоди амну суботи комил дар минтақа суҳбат намоем. Дар ин маврид тамоми тарафҳое, ки дар мулоқот иштирок карданд, иттифоқи назар доштанд.

- Ба андешаи Шумо, оё чӣ роҳе барои бурунрафт аз бӯҳрони баамаломада дар Афғонистон вуҷуд дорад?

- Дар мулоқот аз ҷониби вазири муҳтарами хориҷаи Тоҷикистон таъкид гардид, ки барои даст ёфтан ба амну субот дар Афғонистон кишварҳое, ки ба ҳодисаҳои ин кишвар ҷалб гардидаанд, бояд як сиёсати муштарак ва иттифоқи назаре дошта бошанд ва бояд тамоми иқдомоти худро дар мавриди Афғонистон ҳамоҳанг кунанд. Ин омил боъис хоҳад шуд, ки мо дар тамоми кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳое, ки ба қазияи Афғонистон ҷалб шудаанд, дар барқарор намудани амну субот дар Афғонистон ба туфайли худи давлати ин кишвар муваффақ гардем.

XS
SM
MD
LG