Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо Муҳаммади Раҳматуллоҳ, раҳбари салафиёни Тоҷикистон


Як соли ахир аст, ки дар Тоҷикистон баҳси салафиёну ҳанафиён рӯ задааст. Миёни мардум марди 35-солае бо номи Муҳаммади Раҳматулло ҳамчун раҳбари салафиёни Тоҷикистон маъруф ва шинохта шудааст.

Суоли нахустини барномаи «Ояндасоз» ба Муҳаммади Раҳматуллоҳ ин буд, ки чӣ гуна ӯ ба ҷараёни Салафия рӯ овардааст?

«- Аслан, ин ҷараён нест, ин ақида аст, ақидаи гузаштаҳои мо. Мо дар ақида бо мардуми Тоҷикистон ягон мухолифат надорем. Мо фақат дар фиқҳ, баъзе амалҳоеро иҷро мекунем, ки ҳаминам аз дохили 4 мазҳаб берун нест. Барои мисол, дар тарзи намозхонӣ мо оминро баланд мегӯем, дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳам оминро баланд мегӯянд, ё ин ки мо рафъи ядайн мекунем, дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ҳам рафъи ядайн мекунанд, ё мо дар вақти ат-Таҳиёт хондан дасти худро ҷунбонда меистем, яъне, ҳар чизе, ки мо мекунем дар дохили ин 4 мазҳаб ҳаст, фақат чаро як фарқият пайдо шуд байни мо ва онҳо? Мо ба кулли як равиши мӯайян пайравӣ намекунем, на ба мазҳаби Ҳанафӣ, на Шофеъӣ ва на Моликиву на мазҳаби Ҳанбалӣ.»

- Аммо худи Шумо кай ва чаро пайрави ин ақида шудед?

«- Аслан ман дар Покистон таҳсил кардаам, ҳамагон медонанд, ки шояд 90 дар сади мардуми ин кишвар пайрави мазҳаби Ҳанафӣ бошанд ва ин ақидаро ман дар Покистон ҳосил накардам, тавре ки мардум ба мо нисбат медиҳанд. Тақрибан, солҳои 2001 ба Тоҷикистон омадам ва баъзе дигар ҷавонҳо ҳам аз ҳар кишвар таҳсилро хатм карда омаданд. Мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешудем. Як миқдоре аз онҳо фикрҳои хуб доштанд, вале дар ин байн ҷавононе буданд, ки фикрҳои тундравӣ доштанд ва ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчун як ҷавон, хостам дар байни ин ҷавонон даромада, ба онҳое, ки ақидаҳои тундравӣ доштанд, бифаҳмонам, ки не, шумо дар роҳи дуруст нестед. Роҳи дуруст ин аст.»

- Зимнан мегӯянд, дар миёни ҷавонони ҳамақидаатон шумо чун раҳбар шинохта мешавед ва дар расонаҳо ҳам ғолибан чун раҳбари салафиҳо муаррифӣ мешавед.

«- Бале, аммо вақте мо ташкилот нестем, ҷараён нестем, ҳизб нестем, пас роҳбар доштан ин маънӣ надорад. Вале ҳамчун як пешво маро қабул кардаанд, аммо ман танҳо нестам, миёни тарафдорони ин ақида фаъолон зиёданд.»

- Аксаран, гуфта мешавад, тарафдорони ақидаи Салафия ҷавононанд.

«- На танҳо ҷавононанд тарафдорони ҷараёни салафия, вале дуруст, шумори зиёдашон ҷавонони ҳудудан аз 20 то 40-солаанд.»

- Аммо чаро бештар ҷавонон рӯ меоранд ба ин ақида?

«-Ин чанд омил дорад. Нахуст интернет аст. Яъне, ҷавонҳо чун имрӯз ба интернет алоқаи зиёд доранд, вақте китобу маълумотҳои зиёдеро дар ин мавзӯъ мехонанд ва мебинанд, ки як чизе ҳаст холӣ аз таассуб, албатта ба он гароиш пайдо мекунанд. Ва дигар омили пайравии ҷавонон ба ин ақида ин шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ аст. Шумо бубинед, ки мардум шабакаи Арабистони Саудиро тамошо мекунанд ва президенти кишвар ҳам гуфта буданд, ки Арабистони Саудӣ гаҳвораи Ислом аст. Ва дар он ҷо мардум ба тариқи мо (салафиҳо) намоз мехонанд ва ҷавононе, ки мебинанд мардум дар гаҳвораи Ислом ба ин тариқ намоз мехонанд, дар онҳо суолҳо пайдо мешавад, омада ба мо муроҷиат мекунанд, вақте мо мефаҳмонем, онҳо ҳам ин ақидаро қабул карданд. Ва дигар ин, ки як идда домуллоҳое, ки бо мо дар ақида мухолифанд, дар минбарҳои худ ба тариқи дашному таҳқир намуда, номи моро бисёр зикр карданд ва ин ҷавонҳоро тарғиб кард ва онҳо ба назди мо омада, сӯҳбат мекарданд, ки оё ин гуфтаҳои домуллоҳо то куҷо дуруст аст? Иллати дигар ин аст, ки ҷавонони мо имрӯз дар Миср, дар Арабистони Саудӣ, Яман, Покистон ва дар Сурия дарс мехонанд ва дар он кишварҳо мардум ба ин тариқ намоз мехонанд. Вақте аз он ҷо бармегарданд, албатта инсон чизи таҳсилкардаи худро ба мардум пешкаш мекунад. Ва сабаби дигарро ман дар муҳоҷирати кории ҷавонон ба Русия мебинам. Дар масоҷиди Русия мардуми Доғистон, Ингушистон, Чечен ва як қисми мардуми Тотористон низ ба тариқи мо намоз мегузоранд, вақте муҳориҷони меҳнатии мо як ё ду сол ба ин тариқ намоз адо мекунанд, пас омада дар ин ҷо ҳам идома медиҳанд. Яъне, ин сабабҳои гуногун дорад, на ин ки танҳо ман дар Покистон хонда бошаму, омада, мардумро ба ин ақида ташвиқ карда бошам. 5 ё 10 сол пас ин чизҳо пайдо мешуд, аз ин ҷои гурез нест.»

- Муҳаммад, аҳли оилаатон ҳам ҳамақидаи шумоянд ё шумо танҳо пайрави ақидаи салафиед?

«- Бархе аз бародарҳоям ба мисли ман намоз мегузоранд, аммо ҳастанд наздиконам, ки дар мазҳаби ҳанафиянд. Вале ман доимо ба мардум таъкид мекунем, ки мо ҳанӯз ҳам худро яке аз пайравони Имом Абӯ Ҳанифа медонем.»

- Дӯстону наздикон ё умуман атрофиёнатон, онҳое, ки пайрави ақидаи Шумо нестанд, бо Шумо чӣ гуна муносибат доранд?

«- Нисбати шахсияти ман мардум муносибати хуб доранд ва алҳамдулиллоҳ, то ба ҳол ман ягон амале накардаам, ки мухолифи ақидаи ҷомеа бошад. Онҳо маро мебинанд, медонанд, ки ман ҳеҷ тағйир нахӯрдаам, ҳамон шахсияте ҳастам, ки 10 – 15 сол пеш будам. Ва муносибатам ҳам бо дигарон тағйир наёфтааст.»

- Имрӯз агар як ҷавонеро бо ришу шими кӯтоҳ дар кӯча бубинанд, ӯро салафӣ фикр мекунанд. Оё метавон гуфт, ки ин ҷавонон ҳамақидаи шумо ҳастанд?

«- Бале ин чизро ба мо нисбат медиҳанд, вале ин ҳам дар мазҳаби Ҳанафӣ ҳатмӣ аст. Яъне, риш гузоштан воҷиб ва шимро аз буҷулак боло бардоштан лозим аст ё яке аз суннатҳои Ислом аст. Вале, мутаассифона, вақте мардум инро танҳо ба мо нисбат медиҳанд, домуллоҳое, ки худашон пайрави ин мазҳаб ҳастанд, аз ақида ё рафтори худ дифоъ карда наметавонанд. Ин чиз ҳам сабаби пешравии мо шуд.»

- Дар миёни ҳамақидаҳоятон шумори духтарон ҳам зиёд аст?

«- Бале, духтарони пайрави ақидаи салафӣ ҳам ҳастанд ва ҳамон чизҳое, ки мо мегӯем, алҳамдуллилоҳ онҳо ҳам риоя мекунанд ва дар айни замон дар макотиб дарс мехонанд ва корҳои давлатӣ ҳам мекунанд.»

- Шахсан худатон имрӯз ба чӣ корҳо машғулед?

«- Донандаи забонҳои арабӣ, англисӣ, урду ҳастам. Курсҳои забономӯзӣ дорам. Ҳам дар забони анлисӣ ва дар арабӣ то имрӯз шояд бо ҳудудан садҳо нафар донишҷӯён ҳамкорӣ карда бошам. Дар зимн бо баъзе аз тоҷироне, ки бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранду коргузориашон бо ин забонҳо аст, ман тарҷумонӣ мекунам. Ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиамро пеш мебарам. Яъне, зиндагии мо аз дигар ҷавонон ҳеҷ фарқ надорад. Шумо биёед бубинед, кадом ҷавони салафӣ побанди варзиш нест? Кадом ҷавони салафӣ бо интернет кор карда наметавонад ё кадом ҷавони салафӣ ҳадди аққал як забони хориҷиро намедонад? Ё кадом ҷавони ин ақида таҳсилнодидааст? Албатта, ин ҳама таҳқирҳо муваққатиянд. Як рӯзе ҳатман мардум бо мо аз наздик оншо мешаванд.»

XS
SM
MD
LG