Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоъили муҳоҷирати корӣ ба Арабистони саъудӣ


Муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои арабӣ мавзӯъи як ҳамоиши хосса гардид.
Муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои арабӣ мавзӯъи як ҳамоиши хосса гардид.

Пешниҳоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати кории занони тоҷик ба Арабистони саъудӣ дар Хуҷанд бо ҷонибдорӣ ва мухолифати шадид мувоҷеҳ шуд.

Диловар Шоматов, корманди хадамоти муҳоҷират дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ки Арабистони саъудӣ расман аз Тоҷикистон 2 000 муҳоҷири корӣ хостааст. Бар тибқи ин дархост мардони тоҷикистонӣ барои ронандагӣ ва занон барои хидмат дар манозили одамон ҷалб хоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ин бора миёни мақомоти зидахли Арабистони саъудӣ ва Тоҷикистон шартнома ба имзо расида, масъулияти фиристодани муҳоҷирини тоҷикистониро хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ бар уҳда дорад: «Ин масъала ҳал шудагӣ аст, фақат фиристодани одамон мондааст. Касе мехоҳад, марҳамат, ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунад».

Ба гуфтаи Д. Шоматов, муҳоҷирини тоҷик дар Арабистони саъудӣ бо маъоши бештар аз 600 доллар, ҷои зист, ғизо таъмин карда хоҳанд шуд ва дар як сол як маротиба ҳаққи бозгашт ба Ватан хоҳанд дошт.

Д. Шоматов ҷиҳати муҳоҷирати кории занон шарҳ дод, ки ба кишвари арабӣ танҳо занони синнашон аз 45-сола боло даъват мешаванд.

Намояндаи хадамоти муҳоҷират дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин нуктаро дар ҷаласаи навбатии маҳфили шӯрои ҷамъиятии кишвар дар шаҳри Хуҷанд эълом намуд. Вале ин пешниҳод ба мухолифати шадиди иштироккунандагони ҷаласа, ба хусус рӯҳониён, мувоҷеҳ шуд. Ҳусейн Мусозода, сардори Шӯрои уламои Суғд ва ҳамзамон имом-хатиби масҷиди Шайх Муслиҳидин дар Хуҷанд, гуфт, муҳоҷирати кории занони тоҷик ба кишварҳои арабӣ пешомади нохуш хоҳад дошт ва аз ин рӯ салоҳ аст, ки то ҳадди имкон аз муҳоҷирати кории занони тоҷик ба ин кишвари арабӣ ҷилавгирӣ шавад: «Зан, ки рафт, фасодкориву ҳама корҳо мешавад. Ман дар Маккаи Мукаррама, дар Ҷидда, дар Риёз будам… Он занҳое, ки аз Бангладеш, Ҳиндустон ва аз кишварҳои пешрафтаи Малайзияву Индонезия дар онҷо кор мекунанд, духтарони 18 – 25-сола, ҳамин қадар хор ҳастанд, он қадар ҳаққи паст доранд ки… Мебаранд, кор мефармоянд, дигар муомилаҳоша гуфта намешавад… Индонезиву малайзиягиҳо занҳоро мебаранд, ба хонаҳои арабҳо тақсим мекунанд, вале вай ягон ҳуқуқ надорад. Танҳо кор мекунад, ҳомиладор, ки шуд, бароварда гусел мекунанд…»

Сарвари рӯуҳониёни вилоят инчунин гуфт, ки наметавонад зани тоҷикро дар чунин ҳоли зор дар кишварҳои арабӣ тасаввур намояд.

Дар ҳамин ҳол, Дилбар Самадова, сарвари бахши Ҳизби сосиал- демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд: «Барои мардуми тоҷик, барои зани тоҷик – хоҳ ба таври расмӣ, хоҳ ғайрирасмӣ – рафта, дар хонаи араб канизак шуда, кор кардан на ба шариъат ва на ба ахлоқи инсонӣ рост меояд».

Зимнан, даъвати занони Тоҷикистон барои кор дар Арабистони саъудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон сафари занҳо ба ин кишвар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба таври инфиродӣ ва бе ягон шахси маҳрам манъ карда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пешниҳоди кор дар ин кишвари арабиро қисмате аз занон оромона истиқбол карда, онро қобили қабул меҳисобанд. Маҳина ном як ҷавондухтар, ки дар маркази Хуҷанд ба майдафурӯшӣ шуғл дорад, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» изҳор намуд, дар ҳоле ки ҳазорон занони тоҷик бори зиндагӣ бар дӯш доранд, зеро шавҳаронашон моҳҳо дар мардикории Русия ҳастанд, чаро ингуна пешниҳоди кор дар кишвари дигарро нангин шуморанд? Ӯ афзуд, ки бисёр занони кишвар дар ватани худ як ҷои кори хуб наёфта, ба корҳои машаққатноки кӯчарӯбиву пахтачинӣ розӣ мешаванд, то барои кӯдакони худ як бурда нон ёбанд. Маҳина мутазаккир шуд, ки вай шахсан кор дар кишвари арабиро ба шарте хоҳад пазируфт, агар ҳуқуқаш дар онҷо риъоят шавад, бо ӯ ҳамчун бо як барда муносибат накунанд ва, ҳар вақт хост, ба ватани худ бозгардад.

Аммо ин хонум дар мавриди муоҷирати кории мардон бар ин аст, ки онҳо низ ҳаққи дар се-чор моҳ як маротиба омадурафт ба Тоҷикистон назди зану фарзанди худро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG