Чунин аст сарлавҳаи бештари матолиби саҳафоти аввали нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта ,ки ба натоиҷи интихоботи президенти Амрико бахшида шудаанд.
«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо чопи акси Барак Обама ва як матлаб навиштааст, ки аввалин президенти сиёҳпӯсти Амрико, ки 47 сол дорад, 44-умин раисҷумҳури ин кишвар шудааст. Ба навиштаи ин нашрия, президенти нави Амрико дар ҳоле баргузида шуд, ки ҷаҳон ва махсусан Амрико бо бӯҳрони шадиди молӣ дасту панҷа нарм мекунад.
«Миллат» - ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе дар иртибот ба ин мавзӯъ назари коршиносонро ба тафовутҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон ва Амрико мунташир кардааст. Хилватшоҳи Маҳмуд -сармуҳаррири телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон гуфтааст, ки ба назари ӯ, интихобот дар Тоҷикистон дар муқоиса бо Амрико демократитар ҷараён мегирад. Зеро дар Амрико намояндагони ду ҳизб ба конгресс ва сенати ин кишвар баргузида мешаванд, вале дар порлумони имрӯзаи Тоҷикисон аз се ҳизб намояндагӣ мекунанд. Низоми интихоботи президентӣ дар Амрико низ бо Тоҷикистон ба назари ин коршинос аз он ҷиҳат фарқ доштааст, ки дар Амрико баргузадаҳо дар ниҳояти амр раисҷумҳурро интихоб мекунанду дар Тоҷикистон мардум.
Аммо Абдуллои Ашӯр - мудири бахши иқтисоди нашрияи «Тоҷикистон» гуфтааст, ки дар Амрико рақобати президентӣ миёни ҳарифони ҳамвазн сурат мегирад. Аз ин рӯ, интихобот дар Амрико одилона ва шаффоф аст ва мубориза миёни рақибон шадид ҷараён мегирад. Вале дар Тоҷикистон баръакси ин ҳол аст. Вай гуфтааст, ки дар интихоботи ахири президентии Тоҷикстон рақибон баробарвазн набуданд.
Мавзӯъи дигаре, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳо бозтоб додаанд, ба рӯзи Қонуни асосии кишвар иртибот дорад.
Ҳафтавори русии «Азия-Плюс» дар ин робита хотироти бархе аз масъулони таҳияи матни Қонуни асосиро чоп кардааст. Абдумаҷид Достиев - сафири Русия дар Тоҷикистон,к и роҳбари ҳайъати кории пешнависи ин қонун буд, гуфтааст, ки онҳо ин қонунро дар шароити хеле ноороми ҷанги шаҳрвандӣ омода мекарданд ва баъзан чунин ҳолатҳое ҳам пеш меомад, ки корро бас карда, барои хомӯш кардани низоъи миёни қумандонҳо мерафтанд. Оқои Достиев дар робита ба ҳазфи калимаи «форсӣ» аз матни Қонуни асосӣ дар он вақт гуфтааст, ки ин масъала то баровардан матни комилан омода ва мувофақашудаи Қонуни асосӣ ҳалли мусбати худро пайдо карда буд, вале дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ вакилоне ёфт шуданд, ки алайҳи он пофишорӣ карданд ва онро аз байн бурданд.
«Наҷот» - нашрияи ҲНИТ зери унвони «Оё Констиутсия кафили мост?» матлаберо мунташир карда, аз беамалии ин қонун ва сарфи назар шудани меъёрҳои он аз сӯи масъулони давлатӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар Тоҷикистон тибқи ин қонун мактаб ва табобат бепул аст, аммо ҳама медонанд, ки дар амал чунин нест. Ҳам дар мактаб ва ҳам дар бемористон ошкоро пул мегиранд, вале мақомоте, ки бояд дар риоят шудани меъёрҳои қонуни асосӣ масъул бошанд, инро нодида мегиранд, балки баръакс худи онҳо низ дар чунин амалҳо даст доранд.
Ва дар ахир аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон». Ин нашрия таҳти унвони «Қассобони Суғд: беморонро кӣ мекушад? Духтур, ҳамшираи шафқат ва ё фаррош» матлаберо мунташир карда ва дар он аз мавориде ёдовар шудааст, ки ба маҳзи хунукназарӣ ва муносибати ғайрикасбии бархе аз табибони бемористонҳои ин вилоят маризон ё дардманди мудомулумр шуда ва ё фавт кардаанд. Муаллиф дар зимн аз ифтитоҳи парвандаҳое алайҳи чунин табибон аз сӯи мақомоти тафтишотӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин парвандаҳо дар асоси шикояти шахсони ҷабридида таҳқиқ шудаанд. Вале, навиштааст муаллиф, дар бештарин ҳолатҳо мардуми тоҷик чунин рафтори табибонро, ки сабаби марг ва ё маъюби якумрӣ шудани инсонҳо мегарданд, аз тақдиру пешонӣ медонанд, ки нодуруст аст.