Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон тамсим дорад, алорағми иддаоҳои Узбакистон, ки гӯё эҳдоси ин нерӯгоҳ ба фазои эколожӣ ва камобӣ дар минтақа таҳдид мекунад, ин нерӯгоҳу обанборро эҳдос кунад. Ба ин далел, ки мақомоти Тоҷикистон иддаоҳои Узбакистон дар ин заминаро беасос медонанд ва ба гуфтаи онҳо, ин иддаоҳо ҷузъ аҳдофи сиёсӣ чизи дигареро дар пай надорад.
Ҳомидҷон Орифов, муовини раиси Маркази давлатии пажӯҳиш ва тарроҳии «Нурофар»дар Тоҷикистон далели ҷолиберо барои хонандагони сомонаи Озодӣ дар ин замина ироа кард ва ин далел ин аст, ки Институти Гидроводхлопоки Тошканд дар соли 1990 ва Институти Гидропроекти Тошканд дар соли 1993 дар тарҳҳои ироакардаи худ эҳдоси обанбор ва нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистонро далели аслии ҷилавгирӣ аз камобӣ дар минтақа, бахусус дар Узбакистон талаққӣ кардаанд. Оқои Орифов мегӯяд, табиат аз соли 1993 то бад ин сӯ тағйир накардааст, ва ин сиёсат аст ки тағйир мекунад.
Оқои Орифов мегӯяд, Узбакистон бо ҳар баҳона ба эҳдоси нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад, то Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст наёбад ва ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ нерӯи барқи худро арза накунад.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон аз эҳдоси нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ кардаанд. Ин пуштибонӣ дар машварати ахири Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ин кишварҳо дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва Бонки ҷаҳонӣ дар ин машварат пешниҳоди худ дар мавриди ташкили Консорсиюми байнулмилалӣ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро ироа кард.
Бо вуҷуди ин, Бонки ҷаҳонӣ бар он аст, ки Тоҷикистон дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун бояд ризоияти кишварҳои минтақаро ба даст биорад.
Узбакистон рӯдхонаи Вахшро рӯдхонаи фаромарзӣ меҳисобанд ва ба гуфтаи онҳо, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ Тоҷикистон бидуни ризоияти кишварҳои ҳамҷавор ҳаққи эҳдоси нерӯгоҳи бузурги обӣ дар ин рӯдхонаро надорад. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯдхонаи Вахш рӯдхонаи фаромарзӣ ба ҳисоб намеояд, зеро ин рӯдхона дар қаламрави Тоҷикистон ҷорист ва танҳо дар марзи Афғонистон ба рӯдхонаи Панҷ мерезад. Ба ин далел, таҳно рӯдхонаи Панҷ рӯдхонаи фаромарзӣ ҳисоб мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки тибқи асосномаи Созмони милал ҳақ дорад аз рӯдхонаи Вахш барои пешрафти иқтисоди худ баҳра бубарад.
Рагувир Шарм, коршиноси энержии Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нақл аз қавли мақомоти Туркманистон гуфт, ки Тоҷикистон 100 % ҳақ дорад, то дар рӯдхонаи Вахш нерӯгоҳи Роғунро эҳдос кунад. Ба ин далел, Бонки ҷаҳонӣ тасмим дорад, машваратҳо бо Узбакистон дар ин заминаро то авохири моҳи ҷорӣ анҷом бидиҳад. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, Бонки ҷаҳонӣ тарҳи молӣ ва фанниву эколожии нерӯгоҳи Роғунро дар авоили соли оянда муаррифӣ кунад. Ин тарҳ бо дарназардошти иддаоҳои Узбакистон бо сармояи Бонки ҷаҳонӣ аз сӯи мутахассисони мустақили кишвраҳои хориҷӣ омода хоҳад шуд.