Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти 3 корманди як ширкати сайёҳӣ


Мурофиъаи додгоҳии масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба анҷом расид.

Ин додгоҳи масъулони ширкати мазкур Назаршо Ҳақназаров, раис, Фазлиддин Ақлиддинов, муовин, ва Таваралӣ Кассиров, корманди онро, бо иттиҳоми суиистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ , таҳияи асноди ҷаълӣ, муъомилоти ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба давраҳои тӯлонӣ (аз 12 то 13,5 сол) аз озодб маҳрум кардааст.

Ширкати байнулмилалии ҷаҳонгардии «Холид Музаффар» дар маросими ҳаҷҷи соли 2007 эълон карда буд, ки омодааст бар ивази пардохти 2500 доллари амрикоӣ шаҳрвандонро ба зиёрати хонаи худо нойил кунад. Пас аз ин 700 шаҳрванд, ки ин маблағро ба ширкати мазкур пардохта буданд, бо гузашти муҳлати ҳаҷравӣ аз ин зиёрат бенасиб монданд.

Аз ин миён 60 каси онҳо, ки натавонистанд пулҳои худро бозпас бигиранд, барои ёрӣ ба мақомоти тафтишот муроҷиъат карданд.

Мақомоти тафтишотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси шикояти даъвогарон алайҳи масъулони ин ширкат, аз ҷумла раис, муовин ва як ходими он, кори ҷиноӣ оғоз карда, ба таҳқиқи қазия мепардозад. Тафтишот бо анҷоми баррасии парвандаи Назаршо Ҳақназаров, Фазлиддин Ақлиддинов ва Таваралӣ Касиров онҳоро бо бандҳои гуногуни қонуни кайфарӣ (аз ҷумла бо иттиҳоми суистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва соҳибкории ғайриқонунӣ) айбдор карда, ҷиҳати муҳокима ва таъйини ҷазо ба додгоҳ иросол намуд.

Зубайдулло Маҳмудов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии мазкурро ба анҷом расонидааст, гуфт раванди додгоҳӣ исбот кардааст, ки ин афрод даст ба чанд қонуншиканӣ зада, беш аз 150 000 доллари шаҳрвандонро аз они худ кардаанд.

Оқои Маҳмудова афзуд, ки, дар асоси ҳукми додгоҳ, ин афрод муҳлати ҷазои худро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ намуда, ҳамчунин маболағи афроди фиребхӯрда аз ҳисоби онҳи рӯёнида хоҳад шуд.

Аммо масъулони ширкати «Холид Музаффар» ва вакилони дифоъи онҳо ба дурустии ҳукми додгоҳ шубҳа доранд. Яке аз вакилони дифоъи онҳо Сайидакрам Умаров гуфт, ки ҳукми мазкурро дар додгоҳи болоӣ ба баҳс хоҳад кашид, зеро ӯ ва нафарони таҳти ҳимояташ ҳукмро мунсифона намеҳисобанд ва дар ин бора додгоҳро низ воқиф карданд.

Зимнан, масъулияти гуселу қабули зойирони тоҷикистонии хонаи худоро аз соли 2005 бад-ин сӯ танҳо мақомоти давлатӣ ба уҳда доранд – ширкат ва ё корхонае дигар, ки мехоҳад ин корро анҷом диҳад, бояд иҷозатномаи хосси мақомотро дошта бошад, ки, воқиъан, ширкати «Холид Музаффар» онро надоштааст.

XS
SM
MD
LG