Дар мулоқот тақрибан 250 нафар, аксаран донишҷӯён, аз иёлатҳои мухталифи Амрико гирди ҳам омаданд.
Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз талошҳои давлаташ ба хотири таъмини истиқлоли энержии Тоҷикистон, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҳарф зад. Оқои Раҳмон ба муттахассисини варзида ниёз доштани Тоҷикистонро таъкид кард ва гуфт, феълан, теъдоди макотиби оливу ҳирфаӣ дар кишвар назар ба замони Шӯравӣ се маротиба афзоиш ёфтаву, давлат ҳамчунин ҳамасола талош мекунад, квотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷиро зиёд кунад.
Аммо раисҷумҳури Тоҷикистон зимнан бо изҳори нигаронӣ аз сатҳи саводи донишҷӯёни тоҷик озмун барои касби 15 ҷойи кор дар сохторҳои СММ-ро мисол овард, ки бо вуҷуди ба Тоҷикистон ихтисос дода шудани ин курсиҳо довталабони тоҷик дар озмун ноком шудаанд.
Тоҷикистониҳои муқими Амрико ва донишҷӯёни тоҷик дар ҷараёни мулоқот бо раисҷумҳур масоиле чун имкони ширкати донишҷӯён дар корҳои ташрифотии сафорат ва намояндагии Тоҷикистон дар СММ, ифтитоҳи маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Ню-Йорк ва масоили марбут ба муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷиро матраҳ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди муҳоҷират гуфт, дар ҳоли ҳозир дар худи Тоҷикистон нерӯи корӣ намерасад ва ин камбуд бахусус дар сохтмонҳои бузург эҳсос мешавад. Оқои Раҳмон ҳамзамон бо зикри асароти манфии ин падида ба паҳлӯҳои мусбати муҳоҷират низ ишора кард.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикистониҳои муқими Амрико ва донишҷӯёни тоҷик ҳудуди 2 соат идома кард. Президенти Тоҷикистон дар поёни ин дидор гуфт, Тоҷикистон фарзондони худро аз ёд намебарорад, вале ин фарзандон ҳам бояд ҳамеша бо ёди Ватан бошанд.