Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санади дипломатии Маскав бо Сухумӣ ва Схинвалӣ


Вазири берунаи Русия Сергей Лавров (дар байн) ва вазирони хориҷаи ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетиёи Ҷанубӣ Сергей Шамба ва Мурод Ҷиёев дар Маскав
Вазири берунаи Русия Сергей Лавров (дар байн) ва вазирони хориҷаи ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетиёи Ҷанубӣ Сергей Шамба ва Мурод Ҷиёев дар Маскав

Русия бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон - ду минтақаи ҷудойталаби Гурҷистон ёддошти равобити дипломатӣ ба тасвиб расонд.

Тайи нишасти хабарие, ки дар ин робита баргузор шуд, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров эълом кард: «Мо дар сатҳи сафоратҳо ёддошти равобити дипломатӣ мубодила кардем ва ҳамчунин қарордоди дустӣ, ҳамкори ва кӯмакҳои тарафайнро барои имзо дар сатҳи олӣ омода кардем. Ин қарордод ба зудӣ имзо хоҳад шуд».

Вазири хориҷаи минтақаи ҷудоихоҳи Абхазистон Сергей Шамба дар навбати худ гуфт, «мо кишвари кучак ҳастем, вале имрӯз бо бузургтарин кишвари ҷаҳон, ки бо мо ба ҳайси ҳамто сӯҳбат мекунад, созишнома имзо кардем».

Мурод Ҷиёев, вазири хориҷаи Осетияи Ҷанубӣ, минтақаи дигари ҷудоиталаб, эълом кард: «Мо омодаи муколама бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои байнулмиллалӣ ҳастем, ки хостори сулҳу субот дар Қафқоз ҳастанд».

Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ ҳамчунин эълом кард, ки Русия дар назар дорад дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон ду пойгоҳи низомӣ боз кунад.


Ҳамзамон раисиҷумҳурии Русия Дмитрий Медведов рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо вазири дифоъи кишвари худ Аннатолий Сердюков хостори тақияти ҳузури низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон шуд. Вазири дифоъ эълом кард, ки 3800 нафар дар Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамин миқдор дар Абхазистон, дар маҷмӯъ наздик ба ҳафт ҳазор низомӣ, дар минтақа мустақар карда хоҳад шуд.

Русия бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ҳоле созшиномаи ҳамкорҳои дипломатӣ имзо кард, ки як рӯз пеш ҳайати баландпояи Шӯрои Аврупо дар ҷараёни боздид аз Маскав ва Тифлис эълом кард, ки аз якпорчагии Гурҷистон пуштибонӣ менамояд ва Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса ва садри ин ҳайат, гуфт, Аврупо эътирофи якҷонибаи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро аз сӯи Русия якдилона маҳкум мекунад.

Русия рузи 26-уми август воҳидҳои маъмурии Гурҷистон Осетияи Ҷануби ва Абхазистонро ба ҳайиси давлатҳои мустақил ба расмият шинохт. Маскав ин роҳро бебозгашт арзёбӣ кардааст ва онро натиҷаи амалиёти низомии Гурҷистон бар зидди мардуми осоиштаи Осетияи Ҷанубӣ ва нерӯҳои низомии ҳомии сулҳи Русия дар минтақа медонад. Гурҷистон мавзеъи Русияро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG