Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис тарҳи нави Саркозӣ-Медведевро қабул кард


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар Тифлис
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар Тифлис

Раисиҷумҳурии Гурҷистон эъломияи расмии адами истифодаи нерӯ дар ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба имзо расонд.

Ин ду ҷумҳурӣ баъди ба расмият шинохтани истиқлолияти онҳо аз ҷониби Русия амалан таҳти назорати ин кишвар даромадаанд. Тасвиби ин созишнома яке аз шаш бахши муҳими созишномаи сулҳи Саркозӣ-Медведев буд, ки дар пайи ҷанги панҷрӯзаи миёни Русияву Гурҷистон дар Маскав ба имзо расид. Аз назари таҳлилгарон, дидору мулоқотҳои ахири раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо Николя Саркозӣ бо президентҳои Русия ва Гурҷистон Дмитрий Медведев ва Михаил Саакашвилӣ барои Аврупо як андоза муваффақиятомез будааст.

Лиз Фуллер, таҳлилгари радиои Озодӣ дар ин замина гуфт: "Дар пайи мулоқоти президентҳо Медведев ва Саркозӣ - Иттиҳодияи Аврупо ба нисфи ҳадафҳои худ даст ёфт, чунки Саркозӣ натавонист Медведевро водор кунад, ки қарори пешини худро оиди барасмият шинохтани истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ бознигарӣ кунад. Ва ин мушкили аслиест, ки дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Ва бо назардошти ин ки президент Саакашвилӣ ӯҳдадор шуд, ки аз гузинаи низомӣ даст мекашад, вай бо фишори зиёди дохилӣ рӯбарӯ мешавад, то ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупоро водор кунад, ки болои Русия фишор оварданд нирӯҳояшро аз минтақа берун кашад".

Дар мулоқоти ахири Саркозӣ бо Медведев тавофуқе ҳосил шуд, ки ҳама нерӯҳои посдори сулҳи Русия аз ҳама панҷ посгоҳи низомии шаҳри бандарии Потии Гурҷистон дар тӯли ҳафт рӯз хориҷ шуда, куллия нирӯҳоро аз манотиқи буферии марбут ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон берун кашад. Ин тадбирҳо бояд дар тӯли 10 рӯз анҷом шуда баъдан дар ин қаламрав ҳудудан 200 нозири аврупойӣ на дертар аз 1 октябр мустақар хоҳанд шуд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки ИМА ба нишони эътироз аз амалкарди Русия дар Гурҷистон тасмим гирифт, ки аҳдномаи ҳамкориҳои ғаринизомии ҳастаиро бо Маскав мутаваққиф кунад. Қарордоди мазкур таъсиси корхонаҳои муштараки тиҷоратӣ ва табодули фанновариҳои сулҳомези ҳастаиро миёни Амрикову Русия дар назар мегирифт. Вазорати хориҷаи Русия ин иқдоми Вашингтонро чун як тасмими сиёсзада ва хато маҳкум кард. Аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки таҳаввулоти ахир дар равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия шикофӣ ё тафовути зиёдро дар мавзеъгириҳои Вашингтону Бруссел дар қиболи Маскав намоиш медиҳад.

Лиз Фуллер дар ин замина мегӯяд: "ИМА ҳамеша назар ба Русия аз Саакашвилӣ бештар пуштибонӣ кардааст. Ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Русия наздик ҳастанду аз назари иқтисодӣ ва ба вижа захираҳои энержӣ аз ин кишвар вобаста мебошанд, аз ҳамин хотир, аврупоиҳо наметавонанд бо Русия ба он андоза мухолифат дошта бошанд, ки ИМА дидан мехоҳад. Ва Русия ҳам инро хуб дарк мекунад, ва то андозае, ин тафовутҳои ақидатиро чун аслиҳа барои заъифтар кардани мавқеи Гурҷистон ва ИМА истифода мекунад ва дар кӯтоҳмуддат пирӯз мешавад".

Дар мулоқоти ахири Саркозӣ бо раҳбарони Гурҷистон ва Русия тавофуқе ҳосил шудааст, ки дар моҳи октябр дар Женева музокироте барои баррасии тадбирҳои амниятӣ дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон баргузор шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин нишаст бо талаби Русия намояндаҳои ҷумҳуриҳои ҷудоиталаб ширкат хоҳанд кард ё на. Аммо чиро аз ин нишаст интизор бояд шуд, мепурсам аз таҳлилгари минтақаӣ Лиз Фуллер.

Вай гуфт: "Аз рӯи сӯҳбатҳои президент Медведев ман ҳамин қадар қазоват карда метавонам, ки нишасти Женева бештар болои қарордоди амниятӣ тамаркуз хоҳад кард. Ин маънои онро дорад, ки масъалаи нирӯҳои нави посдори сулҳ дар Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ баррасӣ хоҳад шуд. Нозирони Иттиҳодияи Аврупо, ки ба Осетияи Ҷанубӣ фиристода мешаванд, ба эҳтимоли ғолиб бидуни силоҳ хоҳанд буд. Тавре аз забони Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ахиран садо дод, вай ишора кард, ки, дар сурати адами ширкат намояндаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар ин нишаст, баргузории он зери суол меравад. Гурҷистон ҳам гуфтааст, ки бо абхозҳову осетинҳо сари як миз нахоҳад нишаст. Аммо мантиқан фикр кунед, бояд дарк кунед, ки ҳузури раҳбарони ин ҷумҳуриҳои қисман эътирофшуда ба хотири баррасии шарту шароити ҳузури нируҳои посдори сулҳ зарур аст".

Хонум Фуллер афзуд, ки дар сурати ташкил шудани ин нишаст таҳти чатри СММ даъвати раҳбарони ин ду ҷумҳурии ҷудоиталаб бояд таъмин шавад, ба хотири ин ки ин баҳсҳо ба дарозо накашад.

XS
SM
MD
LG