Аз 702 узви порлумони Покистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар интихоботи рӯзи шанбе, 481 нафар аз Зардорӣ пуштибонӣ карданд. Дар аввалин суханаш Зардорӣ гуфт, ба гиромидошти хотираи ҳамсараш Беназир Бҳутто мардумсолориро дар Покистон эҳё хоҳад кард.Осаф Алӣ Зардорӣ, ки пас аз ҳалокати ҳамсараш, сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007 ҳамраисии ҳизби Бҳутто, Ҳизби мардуми Покистонро бар дӯш гирифт, тавонист, як эътилофи густардаи мухолифони Парвиз Мушаррафро ба вуҷуд орад ва ӯро зери хатари эълони нобоварӣ ба истеъфо фиристад.
Мушарраф, 18-уми август зери фишори шадиди ҳукумат ва порлумон пеш аз маъракаи раъйдиҳӣ ба истеъфо рафт. Аммо муносибат ба Зардорӣ дар Покистон яксон нест. Normal 0 Вай 11 солро дар маҳбас ба сар бурдааст, бо айбномаҳои фасоду ришват то тарҳрезии қатли инсон.
Худи Зардорӣ ин сӯҳбатҳоро рад мекунад ва бофтаи душманони сиёсии хеш мехонад. Пеш аз интихобот вай мегуфт, заъфҳои низомро мешиносад ва дар сурати пирӯзӣ ба тағйири кулли он даст хоҳад зад.
Зардорӣ ҳамчунин як сиёсатмадори ғарбгаро шумурда мешавад ва аз Вошингтон дар ҷанги зидди терроризм пуштибонӣ мекунад. Вай на дар интихоботи умумӣ, балки бо райъдиҳӣ дар ду палатаи порлумони кишвар ва маҷлисҳои музофотии вилоятҳои Синд, Панҷоб, Балучистон ва Вилояти Шимолу Ғарби Марзӣ раисиҷумҳур баргузида шудааст.