Телевизионҳо намоиш доданд, ки тирҳо ба ойинаи ва дари тарафи ронанда расидааст ва тир ба мошини дигари ҳамроҳ бо мошинҳои нахуствазир бархӯрдаааст. Аммо касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.
Аммо то кунун доир ба ин сӯиқасд гузоришҳои зидду нақиз мерасанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳангоми тирандозӣ нахуствазир дар дохили мошин набуд. Сухангӯи Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, нахуствазир дар мошин буд, вале наҷот ёфт. Аммо маъмурони амниятӣ дертар гуфтанд, ки нахуствазир дар дохили мошини ҳадафи тир қарор гирифта набудааст.
Аммо новобаста аз дурустии гузоришҳо, сӯиқасд ба ҷони нахуствазири Покистон нишонае аз парешонӣ дар ин кишвар аст, ки қарор аст, се рӯз баъд вакилонаш раиси ҷумҳурро интихоб намоянд. Ин ҳамла ба дунболи гузоришҳое сурат гирифт, ки бар асоси он ҳавопаймои мутаалиқ ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ба се хона дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Ҷанубии Покистон ҳамла кардаанд.
Юсуф Ризо Гелонӣ як узви олирутбаи Ҳизби Мардумии Покистон - ҳизби нахуствазири пешин ва тероршуда Беназир Бҳутто мебошад. Ҳукумати Гелонӣ бо хушунатҳои афзояндаи ифротгароён дар манотиқи марзии Покистон бо Афғонистон даст ба гиребон аст ва ҳамчунин баъди фурӯпошии ҳукумати эътилофӣ ба бӯҳрон дучор шудааст. Юсуф Ризо Гелонӣ баъди пирӯзии Ҳизби Мардумии Покистон дар моҳи феврал ва ташкили эътилоф бо ҳизби нахуствазири пешин Навоз Шариф нахуствазир интихоб шуд.
Миёнаҳои август Осиф Алӣ Зардорӣ шавҳар ва раиси Ҳизби Мардумии Покистон ва шавҳари Беназир Бҳутто ҳамроҳ бо ҳизби Лигаи мусулмонони Покистон Навоз Шариф, раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф - яке аз ҳампаймонҳои наздики Амрикоро маҷбур ба истеъфо карданд. Аммо вақти чандоне нагузашта ду ҳизб дар масъалаи интихоби раисиҷумҳури ояндаи Покистон ва барқарор кардани додрасҳои соли гузашта барканоркардаи Парвиз Мушарраф ба мувофиқа нарасиданд ва Навоз Шариф ҳукумати эътилофиро тарк кард.
Навоз Шариф, ки чеҳраи шинохта аст ва Ҳизби Лигаи Мусулмонҳояш дуввумин ҳизби бузург дар порлумони Покистон мебошад. Аз ҳизби ӯ ба мақоми раисиҷумҳур як додраси бознишаста пешниҳод шудааст. Аммо интизор меравад, ки дар интихоботи рӯзи шанбе Осиф Алӣ Зардорӣ, раҳбари Ҳизби Мардумии Покистон, ба осонӣ пирӯз шавад.