Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои модарони қурбониёни фоҷеъаи Беслан


Чаҳор сол қабл бар асари фоҷеъаи Беслан 334 нафар, аз ҷумла 186 толибилми мактаб, ба ҳалокат расида, 728 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд
Чаҳор сол қабл бар асари фоҷеъаи Беслан 334 нафар, аз ҷумла 186 толибилми мактаб, ба ҳалокат расида, 728 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд

Созмони “Садои Беслан” хостори тафтиши байнулмилалии фоҷиаи мудҳиш дар як мактаби Осетияи шимолӣ шудааст.

Масъулини созмон мегӯянд, ки тафтиши байнулмилалии қазияи ҳалокати гаравгонҳо дар мактаби шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ - ягона роҳи боқимонда барои ошкор кардани гунаҳкорони ин фоҷеъа аст.

Элла Кесаева, яке аз руасои ин созмон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳор намуд, “Садои Беслан” баъди он хостори дахолати ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар тафтиши фоҷеъа шуд, ки талошҳояш барои тафтиши воқеъбинонаву беғаразонаи ҳодиса ва ба додгоҳ кашидани мақомоти олирутбаи муҷрим дар ҳалокати гаравгонҳо аз сӯи Додситонии кулли Русия ноком анҷом ёфтанд:

«Аз нигоҳи мо, Русия аз ӯҳдаи вазифаи худ барои тафтиши қазия ва муҷозоти гунаҳкорон набаромад. Мо шаҳодату асноди зиёде, аз ҷумла, ҳукми додгоҳ ва номаҳои ҷавобии муфаттишонро ҷамъ овардаем ва онҳо рушан собит мекунанд, ки додситонӣ гунаҳкоронро муҷозот карданӣ нест. Ва аз ин рӯ мо маҷбурем ва Қонуни асосии кишвар низ ба мо иҷоза медиҳад, ки чун фарёд барои наҷот ва ба хотири муҷозоти гунаҳкорон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунем».

Элла Кесаева афзуд, ки онҳо тайи ҳамагӣ се рӯз зери муроҷиат барои тафтиши байнулмилалии фоҷиаи Беслан ду ҳазор имзо ҷамъ оварданд.

Чаҳор сол пеш, субҳи якуми сентябри соли 2004, вақте толибилмону омӯзгорони як мактаби шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ ба маросими занги аввал омода мешуданд, гурӯҳи террористҳо онҳоро гаравгон гирифтанд. Ба иттилоъи расмӣ, афроди мусаллаҳ беш аз 1100 нафар – толибилмону омӯзгорон ва волидайни ба ҷашномадаро бо зӯри силоҳ ба толори варзиши мактаб бурданд. Рӯзи сеюми ҳодиса нерӯҳои зудамали Русия ба амалиёти наҷотбахшии гаравгонҳо шурӯъ карданд, вале ноком шуданд - дар амалиёт 334 нафар, аз ҷумла, 186 толибилми мактаб ба ҳалокат расида 728 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти Русия эълом доштанд, ки гаравгонҳо бар асари инфиҷори бомбҳои гузоштаи террористҳо ба ҳалокат расиданд ва аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ҳуҷуми густардаи низомиёни рус бо истифода аз тупхона ва зиреҳпӯшҳо мунҷар ба ҳалокати гарафгонҳо шудааст.

Элла Кесаева, ҳамраиси созмони “Садои Беслан” мегӯяд, «амалкарди низомиён ва истифодаи техникаву силоҳи аз рӯи конвенсияи Аврупо мамнӯъ алайҳи мардуми осоишта боиси ҳалокати аксари гаравгонҳо гардид. То рӯзи 3 сентябр, то шурӯъи ҳуҷум ҳамагӣ 18 тан аз мардҳо ва як духтараки мубталои маризии қанд ба ҳалокат расида буданд. Дигарҳо ҳама зинда буданд».

Ба гуфтаи Элла Кесаева, се моҳ пеш онҳо аз Додситонии Кулли Русия талаб карданд, ки раисиҷумҳури собиқ ва сарвазири феълии Русия Владимир Путинро дар робита ба фоҷиаи Беслан мавриди бозпурсӣ қарор диҳад. Ва аммо Додситонӣ посух дод, ки Путин дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат надошт ва аз ин рӯ бозпурсии ӯ ҳамчун шоҳид ғайримумкин аст. Айни ҳол созмони “Садои Беслан” аснод ҷамъ меоварад, то алайҳи Владимир Путин парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Хонум Кесаева мегӯяд, онҳо Путинро муҷрим мехонанд, зеро ҳуҷум ба мактаб, ки мунҷар ба ҳалокати теъдоди бузурги гаравгонҳо шуд, бо амри ӯ, раисиҷумҳури вақти Русия сурат гирифтааст:

Элла Кесаева, ҳамраиси созмони "Садои Беслан", мегӯяд, талошҳояшон барои тафтиши воқеъбинонаи ҳодисаи Беслан аз сӯи мақомоти Русия бенатиҷа анҷом ёфт

«Истифодаи нерӯ дар ҳамла ба мактаб, ки он ҷо гаравгонҳо буданд, тибқи Қонуни федеролӣ оид ба мудофиа, фақат ваколати раисиҷумҳур, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст. Мо ӯро маҳз дар истифодаи артиш айбдор мекунем, ки бо амри ӯ сурат гирифт».

Ҳамасола се рӯзи аввали соли нави таҳсил дар ин мактаби шаҳри Беслан аз қурбониҳои яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар Қафқоз ёд мекунанд. Имсол барои нахустин бор созмони “Садои Беслан” аксҳои ҷасадҳои кушташудагонро ба маърази намоиш гузошт. Элла Кесаева мегӯяд, ки ин намоиш ба баъзе аз мақомот хуш наомад ва онҳо ҳатто талош карданд, ки шабона ин аксҳоро рабуда нобуд созанд…

Се соли ахир ва аз ин ба баъд низ занги аввал дар ин мактаб фақат рӯзи 5 сентябр садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG