Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи Беслан, беҳукуматӣ дар Қафқоз, нодиртарин сулҳ, тоҷик ва ё "тожик"


Тасвири марде бо ҷисми нимҷони кӯдаке дар даст, акси марди дигар, ки дар дасташ тифли ҳамагӣ чандмоҳа ва ё як-ду солае дорад, сурати занону кӯдакони сару рӯ хуншор, ҷасадҳои бешумор, тобутҳо ва ҳамчунин тасвири калони Владимир Путин, ки ба фикр фурӯ рафтааст, дар ин ҳафта дар сафҳаҳои ҳафтаномаҳои Тоҷикистон нашр шудаанд. Фоҷиаи Беслан дар шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои мустақил ҳатто мавзӯъи истиқлолро дуввумдараҷа гардонидааст.
«Азия-Плюс» ин ҳодисаро нерӯи террор ва беқувватии ҳукумат номидааст. Журналисти тоҷик, Марат Мамадшоев навиштааст, вазифаи гаравгонгирҳо маҳз нишон додани нерӯмандии худ ва беқувватии ҳукумат буд ва онҳо аз ӯҳдаи он баромаданд. Навишта шудааст, террористон медонистанд, ки онҳо ба сӯи марг равонанд, аксари онҳо аз мардуми маҳаллӣ буданд ва онҳо ба мурдан на барои пул, балки барои ақидаашон мерафтанд, ҳарчанд ин ақидаашон хато ҳам буд.
«Крим - Инфо» навиштааст, пас аз ин воқеъа аён шуд, ки дар Қафқоз ҳукумат вуҷуд надорад. Нашрия идома додааст, Кремл фикр мекард, ки агар раисҷумҳурони қафқозӣ ҳар як сухани онҳоро пурра иҷро намоянд, дар минтақа субот барқарор мешавад, вале баръакс шуд.
«Вечерний Душанбе» бо истинод ба СentrAsia.ru матолиби расонаҳои ғарбиро хулоса кардааст. Ин хулоса чунин будааст: Сабаби фоҷеа сиёсати империявии Русия ва шахсан Путин мебошад. Террористон ҳарчанд ҳақ набуданд, вале онҳо муборизони озодӣ аз иҳтилоли рус мебошанд, онҳоро метавон фаҳмид ва бояд фаҳмид.
«Вечерний Душанбе» бо изҳори ҳамдардӣ ба оила ва ақрабои қурбониён, навиштааст, ягон ақидаву фикр вуҷуд надорад, ки барояш қатли кӯдакҳо меарзида бошад. Амали ваҳшиёнаи террористон ягон гуна асоси сафедкунанда надорад.
«Азия - Плюс» аз қавли расонаҳои русӣ навиштааст, пизишконеро, ки дар Беслан ба табобати маҷрӯҳон машғуланд, аз ҳама гуна тамос бо наздиконашон манъ кардаанд. Ақрабои гаравгонгирҳоро наздашон рафтан намегузоранд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи шашуми сентябр аввалин 114 қурбонии фоҷеа ба хок супурда шуд. «Азия-Плюс» бо истинод ба Gazeta.ru теъдоди мақтулонро 500-600 нафар тахмин задааст.
«Ҷумҳурият» таъзияномаи Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистонро унвонии Владимир Путин нашр кардааст. Дар барқияи таъзия омадааст, Тоҷикистон ки ин ҳама бадбахтиро худ аз сар гузаронида буд, ҷонибдори Русия барои лузумияти aқдоми ҷиддӣ дар роҳи несту нобуд кардани ин падидаи ваҳшатангез мебошад.
«Ҷумҳурият» дар як матлаби бузурге дар ҳаҷми як саҳифаи комил ба ифтихори солгарди сенздаҳуми истиқлоли Тоҷикистон давраи истиқлоли кишварро ба се марҳила тақсим кардааст. Марҳилаи аввал то иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, марҳилаи дуввум то имзои созишномаи сулҳ ва аз соли 1997 то имрӯз марҳилаи саввум. Дар навишта ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ номида шудааст, ки дар натиҷа, беш аз як миллион нафарро водор ба фирор аз ватан карда буд. Сулҳи тоҷикон намунаи нодиртарини баҳамоӣ эътироф шудааст.
«Садои Мардум» мақолаи Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи «Нақши Маҷлиси Миллӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд» нашр кардааст. Дар он фаъолияти Маҷлиси Миллӣ, зарурияти порлумони дупалатаӣ ва нақши он дар давлатдорӣ баррасӣ шудааст.
«Нерӯи Сухан» дар матлабе оид ба интихобот қазияҳои ахири ҳафтаномаҳои мустақилро талоши муддаиён ба вакилӣ барои фалаҷ кардани дастгоҳи тарғиботии рақибон номидааст.
«Ҷумҳурият» аз сафари президенти Тоҷикистон ба Кӯлоб гузорише нашр кардааст. Дар гузориш аз қавли президент навишта шудааст, ҳанӯз дар истифодаи маблағҳои барои бунёди иншооти ҷашнӣ тахсисшуда қонуншиканиҳо ва изофанависӣ ҷой дорад. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи бади соҳаи маорифи шаҳр изҳори нигаронӣ кардааст. Дар шаҳр 12 мактаб вуҷуд дорад, ки барои ҳудуди 10.000 хонанда пешбинӣ шудааст. Вале дар оҳно зиёда аз 20.000 кас таҳсил мекунад.
Дар матлабе дар «Нерӯи Сухан» Озар Каёнӣ ном муаллифе навиштааст, боистӣ ки исми забони тоҷикиро ба порсӣ иваз намуд. Муаллиф вожаи «тоҷик» ва ё ба истилоҳи худаш «тожик»-ро нисбати мардуми ғайритурк номидааст.
XS
SM
MD
LG