Як корвони бузурги иборат аз 83 тонку зиреҳпӯш ва тӯпхонаҳо ба сӯи марз бо вилояти ҷудоиталаби Абхозистон роҳ гирифтааст. Пулиси Гурҷистон мегӯяд, ин корвон аз пойгоҳи низомии Сенаки хориҷ шудааст. Як корвони дигари иборат аз тақрибан 40 тонку зиреҳпӯш ҳамин тавр аз Горӣ ва Игоетӣ роҳии марз бо Осетияи ҷанубӣ, як вилояти дигари низ ҷудохоҳи Гурҷистон шудааст.
Раҳбари Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая низ тасдиқ кард, ки нирӯҳои Русия шаҳри Горӣ ва манотиқи атрофи ин шаҳрро алакай тарк кардаанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, хуруҷи нирӯҳои ин кишвар аз қаламрави Гурҷистон то шоми ҷумъа, 22 август, анҷом хоҳад шуд. Аммо бо вуҷуди мухолифати ҷониби Гурҷистон мақомоти низомии Русия мегӯянд, дар атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ду минтақаи амниятӣ эҷод ва дар посгоҳҳои вижаи ин манотиқ нирӯҳои ҳомии сулҳро мустақар хоҳанд кард. Генерал Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия дар ин робита гуфт:
“Ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди яғмогарон ва ҳамлу нақли аслиҳа, дар марзи маъмурии байни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ 18 посгоҳи назоратии нирӯҳои ҳомии сулҳ гузошта шуд.”
Генерал Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия афзуд, ҳамин тавр дар марз бо Абхозистон низ 18 посгоҳи дигар таъсис хоҳанд дод.