Дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, афзуд, “низомиёни Русия ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз як минтақа берун шуда ба минтақаи дигари Гурҷистон ворид мешаванд”.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, нерӯҳои Русия то ҳанӯз шаҳри Гориро зери назорат дорад ва онҳо дирӯз ҳатто ба раҳбарони ҳайатҳои Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо Матиаш Эрши и Кастриот Ислом барои вуруд ба ин шаҳр иҷоза надоданд. Ин рафтори низомиёни рус боиси ҳайрату тааҷҷуби вакилони порлумони Шӯрои Аврупо гардид. Матиаш Эрши ба хабарнигорон гуфт:
"Ман ҳеҷ фикр намекардам, ки дар қарни 21 як кишвари аврупоӣ кишвари дигарро забт мекунад. Ва аммо ман бо чашми худ мебинам, ки чӣ гуна русҳо дар 35-километрии Тифлис роҳро банд карда, ба одамон мегӯянд – “равед, равед аз ин ҷо”. Ин ҳарфҳоеанд, ки онҳоро маҷориҳо ҳанӯз соли 1945 азёд карда буданд, замоне, ки артиши шӯравӣ ба Маҷористон ворид шуда онро озод ва баъдан забт намуд. Имрӯз ман воқеъан ҳам дар ҳоли шок қарор дорам. Дар Горӣ ҷиноёте аз қабили ғорату тороҷ ва харобкории бидуни сабаб рух медиҳанд. Ин даҳшатовар аст".
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тифлис, ба ҷуз Горӣ шаҳрҳои Зугдидӣ, Сенакӣ, Хошурӣ, Карелӣ ва шаҳри бандарии Потӣ низ таҳти назорати низомиёни Русия қарор доранд. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки Русия тарҳи нави қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба вазъ дар Гурҷистонро таҳия кардааст.
Намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфт, ки ин тарҳ дар пояи шаш принсипи созиши сулҳи аз сӯи президентҳои Русия ва Фаронса ҳамоҳангшуда таҳия гаштааст. Ду рӯз пеш Русия тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро, ки аз сӯи Фаронса таҳия ва дар он хуруҷи фаврии нерӯҳо аз Гурҷистон талаб шуда буд, рад карда буд. Виталий Чуркин далел пеш оварда буд, ки дар ин санад аз шаш нуктаи аслии созиши сулҳи Гурҷистон сарфи назар шудааст.