Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ин изҳоротро натиҷаи муносибати дугоник ва қудратталабонаи Русия ба мушкилоти давлатҳои узви ин созмон талаққӣ карда, аммо бархеи дигар ин изҳоротро як тасмими шитобзадаи оқои Саакашвилӣ унвон карданд.
Масъулони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон – ҳизби ҳоким дар кишвар изҳороти раисиҷумҳурии Гурҷистон дар мавриди қатъи узвият дар ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро як иқдоми шитобзада ва дар дарозмуддат бар зарари манофеъи миллии ин кишвар унвон карданд.
Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси ҲХДТ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ бо зикри ин нукта, ки ҳар як давлат ба унвони як субъекти комилихтиёри байнулмилалӣ ҳақ дорад ба ин ва ё он созмони минтақаӣ ва байнулмилалӣ бипайвандад, вале боз ҳам ҳақи ӯст, ки дар сурати бароварда нашудани манофеъаш аз онҳо довталабона берун равад. Аммо, меафзояд оқои Давлатзода, баёнияи раисиҷумҳурии Гурҷистон таҳти таъсири ҳаводиси Осетияи Ҷанубӣ содир шуда ва иштибоҳист.
Муъовини аввали раиси ҲХДТ афзуд, ки баёнияи раисиҷумҳурии Гурҷистон ба сарнавишти минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳеҷ гуна таъсир нахоҳад гузошт.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони аҳзоби дигари кишва, аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки як чунин изҳорот аз сӯи президенти мунтахаби кишвари узв дар оянда бетаъсир нахоҳад буд. Махсусан, ки он дар пайи бархӯрд ва рӯёрӯӣ бо Русия кишвар - асосии ин Иттиҳодия ба миён омадааст. Оқои Сайфуллозода афзуд, муносибат ва бархурди Русия бо мушкилоти миёни кишварҳо ва ҳато дохилии давлатҳои узви ин иттиҳод самимиву шаффоф нест ва ба фарқ аз Иттиҳодияи Аврупо, ки талош барои ҳифзи манофеъи муштараки кишварҳои аъзо мешавад, дар ИДМ бештар Русия аз мушкилот ва ихтилофоти дохилӣ ва минтақаӣ бар суди хеш сӯиистифода мекунад. Ва ҳамин бархӯрди муғризона оқибат ошкор мешавад, ки пайомади онро метавон дар изҳороти Михаил Саакашвилӣ мушоҳида кард.
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кард, ки новобаста аз он, ки раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия дар мавриди қазияи Гурҷистону Русия расман изҳори назар накардаанд ва ҳамин таври баёнияи Михаил Саакашвилиро нодида гирифтанд, аммо дар таҳрире дар сиёсатҳои худ бо Русия хоҳанд кард. Вале, афзуд ӯ, ин таҳрир барои таҳкими истиқлолияти давлатҳо ва ё баръакс бештар таҳти чатри Русия ҳидоят мекунад вақт нишон хоҳад дод.
Аммо Шокирҷони Ҳаким, муъовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, аз аҳзоби мухолиф бо давлат мегӯяд, Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркуланофеъ аз оғоз як созмони бо салоҳият ва муфид набуд ва кишварҳои узви он ҳатто дар дохили созмон бидуни муроъоти назар ва мавқеъи Русия наметавонистанд барномаҳои ҷиддии дуҷонибаро мустақим ба иҷро дароваранд. Оқои Ҳаким афзуд, Русия бо истифода аз нуфӯз ва нерӯи худ метавонист қазияи Гурҷистон бо Осетияи Ҷанубиро пештар ва бо роҳи музокира ва сулҳ ҳал кунад. Аммо қазия ба ҷанг кашонида шуд ва дар ҳоли ҳозир низ ҳамин гуна нуқоте, ки дар қаламрави ин иттиҳодия эҳтимол дорад дар оянда доғ шаванд, кам нестанд, ки ҳатман аз як ҷониб боз Русия қарор хоҳад гирифт:
Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ як созмони байнулмилалист, ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991ва дар заминаи ҷамоҳири собиқи он ташкил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ин созмон 12 кишвар узв дорад. Аммо аксари аснод ва ҳуҷҷатҳое, ки ин Иттиҳодия ба тасвиб расонидааст, дар амал ба иҷро надаромадааст. Ва миёни бархе аз кишварҳои узви ин иттиҳодия ба фарқ аз даврони Шӯравӣ ва ё Иттиҳодияи Аврупо низоми раводид ҷорӣ шудааст.