Ва тибқи хабарҳо ин қатори тонку зиреҳпӯшҳо дар нимаи имрӯз аз Горӣ баромада, ба дарунтари Гурҷистон дар самти номаълум ҳаракат кард.
Аммо генерал- полковник Анатолий Ноговитсин, ноиби сардори Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Русия пойфишорӣ дорад, ки тонкҳои Русия дар Горӣ нестанд.
Гурҷиҳо ҳамчунин мегӯянд, дар шаҳр ғоратгариҳо ба мушоҳида расидааст..
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ба хабарнигорон гуфт, сарбозони кишвараш замоне аз Гурҷистон хориҷ мешаванд, ки Тифлис нерӯҳои худро ба саобозхонаҳо баргардонад. Оташбас, ки ба ҷанги панҷрӯза хотима гузошт, пас аз гуфтугӯҳои президенти Фаронса, раиси давраии Иттиҳоди Аврупо Николас Саркозӣ бо раҳбарони Русия ва Гурҷистон ба даст омад.
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, мегӯяд, Русия ҳадафи ба худ ҳамроҳ кардани ҳеҷ яке аз манотиқи Гурҷистонро надорад ва ба истиқлолияти Гурҷистон эҳтиром мегузорад. Дар матлабаш дар рӯзномаи бритониёии "Файнаншл Таймс", Лавров гуфт, мудохилаи ҳарбии Русия дар Осетияи Ҷанубӣ посухе ба ҳамлаи бесабаб ба шаҳрвандони Русия дар ин ҷо буд.
Ишораи Лавров инро тасдиқ мекунад, ки Маскав ба бисёриҳо дар ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон асноди русӣ додааст. Лавров гуфт, кишвараш ба таҳкими оташбас талош хоҳад кард, ба шарте ки Гурҷистон аз амалиёти ҳарбӣ худдорӣ кунад ва нерӯҳояшро аз минтақа ба дур нигаҳ дорад.
Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар Бруссел масъалаи ирсоли нозирони сулҳ ба Осетияи Ҷанубиро баҳс карданд. Раиси нишаст, намояндаи Фаронса, Бернар Кушнер, аз кишварҳои иттиҳод даъват кард, нақши нозирро ба хотири муваффақияти оташбаси Русияву Гурҷистон ба зимма бигиранд. Бархе аз давлатҳои узв ба вокунишҳои шадиди интиқодӣ алайҳи Русия даъват карданд.
Вазири умури хориҷии Бритониё, Давид Милибанд гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд моҳи оянда мавзеъи муайян бигирад, ки гуфтушуниди равобити наздиктар бо Русияро идома хоҳад дод ё на ва ба чӣ наҳв: "Ман фикр мекунам, бисёру бисёр муҳим аст, паёме дода шавад, ки замони истифода аз зӯр, ки Аврупоро тиккаву пора мекард, кайҳо гузаштааст ва талоши ҳалли масъалаҳои мушкил дар марзҳои Русия бо зӯрӣ ғайриқобили қабул аст."
Вазири умури хориҷии Олмон, Франк-Валтер Штейнмейер, аз пешниҳоди ирсоли нозирони аврупоӣ ба Гурҷистон ҳимоят кард. Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо бояд аз иттиҳомоти тамоюлдорӣ парҳез кунад ва ба он мутамаркиз гардад, ки чӣ гуна метавонад дар эътидоли вазъи минтақа нақши мусбат бозад.
Артиши Русия мегӯяд, дар ҷанг бо Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ 74 сарбозони он кушта ва 171 нафар захмӣ шудаанд. 19 сарбози дигар бенишон гаштаанд. Ин арқомро генерал- полковник Анатолий Ноговитсин, ноиби сардори Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом доштааст.
Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, гуфт, узвияти Русия дар ниҳодҳои байнулмилалӣ бо сабаби амалиёти ҳарбии он дар Гурҷистон зери хатар афтодааст.
Дар мусоҳиба бо телевизиони АБС нюз, Райс гуфт, "Обрӯи байнулмилалии Русия ва нақшии эҳтимолии он дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо хатари бузург рӯбарӯст." Райс пайомадҳои эҳтимолиро номбар накард. Тибқи хабарҳо, Иёлоти Муттаҳида размоишҳои тарҳрезишудаи муштараки дарёӣ бо нерӯҳои Русияро лағв кард.