Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии нерӯҳои Гурҷистон


Нерӯҳои Русия дар ҳаракат ба самти шаҳраки Ҷаваи Осетияи Ҷанубӣ.
Нерӯҳои Русия дар ҳаракат ба самти шаҳраки Ҷаваи Осетияи Ҷанубӣ.

Дар ҳоле ки Гурҷистон ба мавзеъбандии нави нерӯҳояш пардохтааст, ҳарбиёни Русия мегӯянд, шаҳри Схинволиро пурра ишғол кардаанд.

Дабири Шӯрои амнияти Гурҷистон Александр Ломая гуфт, Тифлис мавзеъи нерӯҳояшро дар Осетияи Ҷанубӣ тағйир медиҳад. Ин иттилоъро ҳамчунин вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвилӣ низ тасдиқ кардааст. Онҳо мегӯянд, Маскав нерӯҳои бештареро дар марзи Гурҷистон мутамаркиз кардааст ва ба ҳамлаи густарда омодагӣ мегирад.

Шбаи гузашта дар Схинволӣ ҷангҳои шадид идома доштанд ва ҳамчунин аз муташанниҷ шудани авзоъ дар Абхозистон, минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон хабар расидааст. Дар водии Кодорӣ нерӯҳои абхаз ба марзбонони Гурҷистон ҳамла карданд ва инчунин ҳавопаймоҳои русӣ чанд минтақаи дигари Гурҷистонро ҳадафи зарбаҳоиҳ авоӣ қарор доданд. Дар бораи талафоти ду ҷониб ахбори тазодомез мерасад.

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, киштиҳои ҷангии Русия ба бандари Очамчир дар Абхозистон ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG