Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи фаъолияти «MercyCorps» дар Тоҷикистон


Мутаваққифсозии фаъолияти созмони байнулмилалии «MercyCorps» дар Тоҷикистон бо шикояти вазорати адлияи ин кишвар аз сӯи додгоҳ сурат гирифт.

Додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ин далел, ки ҳалномаи додгоҳ нисбати дафтари созмони байнулмилалии «MercyCorps» ва ё «Ҳайъати шафақат» баъди сипарӣ шудани як моҳ қувваи қонунӣ хоҳад гирифт аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ кард.
Аммо як масъули идораи сабти номи созмонҳои байнулмилалӣ, аҳзоб ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт масъулони дафтари созмони «MercyCorps» дар Душанбе ба кормандони ин вазорат имконият надодаанд, ки асноду ҳуҷҷати фаъъолияти онҳоро бисанҷанд. Ин мақоми масъул ба вазорати адлия иддаъо кардааст, ки саркашӣ ва сарпечии масъулони дафтари созмони мазкур мухолиф бо қавонини ҷории кишвар ва аз ҷумла Қонун дар бораи фаъъолияти созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сурат гирифтааст. Зеро бар асоси ин қонун намояндагони вазорати адлия ҳаққ доранд, ки фаъъолияти созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар сурати зарурат таҳти санҷиш қарор диҳанд.
Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон афзуд, ки созмони мазкур ба номаҳо ва огаҳиҳои расмии вазорат посух надоданд ва барои вазорат чорае ба ҷуз аз муроҷиат ба додгоҳ боқӣ намондааст.
Брендӣ Вестерман
Ин ҳам дар ҳолест, ки Брендӣ Вестерман, мудири созмони байнулмилалии амрикоии «MercyCorps» дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна аснод ва мадорики додгоҳро ба таври катбӣ дар даст надоранд, аз ин рӯ наметавонад дар ин бора тавзеҳ бидиҳад. Аммо хонум Вестерман афзуд, ки фаъъолияти онҳо таййи 14 сол дар Тоҷикистон дар доираи қонун сурат гирифтааст: «Танҳо чизе, ки метавонам бигӯям, ин аст, ки тайи фаъъолияти худ мо ҳамеша аз қавонини Тоҷикистон муроъот кардаем ва дар ин муддат аз муқаррароти ойинномавии худ фаротар нарафтаем». Миёни ин созмон, мегӯяд хонум Вестерман, миёни созмон ва ниҳодҳои давлати Тоҷикистон то ҳамин вақт масъала ва мушкиле вуҷуд надоштааст.
Созмони «MercyCorps» ва ё «Ҳайъати шафқат» дар Тоҷикистон аз соли 1994 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир намояндагиҳои ин созмон дар Хуҷанд, маркази шимоли кишвар, Рашт, қисмати шарқӣ, ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, амал мекунанд, ки 150 нафар аз атбоъи ин кишварро бо кор фаро гирифтааст.
Барномаҳои созмони мазкур дар бахшҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва кумакҳои башарӣ дар Тоҷикистон ба иҷро гузошта шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ин созмон ба тақрибан 350 000 шаҳрванди кишвар кумакҳо расонида ва дар фасли сармои соли ҷорӣ ба 135 000 кас дар манотиқи мухталиф ёрӣ расонидааст. Созмон, аз ҷумла, дар навоҳии минтақаи Рашт тухмии картошка ва бухориҳои барқӣ кумак ироъа намудааст.
Созмони мазкур тавассути маблағгузории ҳукумати Амрико, Бритониё, Суэд ва СММ ва бурс (грант)-ҳои хурди Белгия фаъъолият мекунад
Зимнан созмони «Мерсӣ корпус» танҳо созмони хориҷӣ нест, ки дар Тоҷикистон фаъъолияти онҳо мутаваққиф шуда бошад. Дар соли равон созмони «Ора интернешнал»-и Фаронса ва «Алянс миссион»-и Олмон низ барои нақзи муқаррароти ойинномавӣ ва даст задан ба таблиғоти мазҳабӣ барои семоҳӣ аз фаъъолият боздошта шуданд ва, тибқи маълумоти вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар асоси маълумоти вазоратҳои интизомӣ фаъъолияти созмони дигари амрикоӣ бо номи «Кея интернешнал» низ таҳти тафтиш қарор дорад.
Як манбаъ дар вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид кард, ки дар сурати ислоҳ накардани фаъъолияти худ ин созмон низ аз ҳаққи амал маҳрум хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳама аснод ва мадорики ин созмонҳо дар асоси Қонуни ислоҳшудаи созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар охири соли гузашта дубора аз сӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда буданд.
XS
SM
MD
LG