Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ иттиҳомоти Карзайро такзиб кард


Юсуф Разо Гелонӣ
Юсуф Разо Гелонӣ

Юсуф Разо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, изҳорот дар бораи даст доштани хадамоти иттилоъотии кишвараш дар ҳамлаҳои ахир дар Афғонистонро рад кард.

Рӯзи душанбе раиси ҷумҳури Афғонистон ба таври мустақим хадамоти низомии Покистонро муттаҳам карда буд, ки онҳо барои роҳандозии нооромиҳо дар Афғонистон, аз ҷумла дар ҳамлаи ахир ба сафоратхонаи Ҳиндустон дар Кобул, аз тундравҳои исломӣ ҳимоят мекунанд. Дар ин ҳамла 58 нафар кушта шуданд.
Моҳи гузашта низ Ҳомид Карзай таҳдид кард, ки нерӯҳои худро ба Покистон хоҳад фиристод, агар ҳукумати Покистон натавонад бар зидди тундравҳои исломӣ дар хоки худаш мубориза кунад. Рӯзи сешанбе, як рӯз баъд аз изҳороти Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, аз гузоришҳо дар ин бора, ки ифротгароён аз хоки Покистон вориди Афғонистон мешаванд, нигарон аст. Ӯ афзуд, ки дар ин бора дар поёни моҳи июл дар ҷараёни мулоқоташ дар Кохи Сафед бо Юсуф Разо Гелонӣ гуфтугӯ хоҳад кард. Ҷорҷ Буш зимни суханони худ дар нишасти хабарие гуфт, Амрико мехоҳад, идаъои Ҳомид Карзайро дар бораи даст доштани хадамоти иттилоъотии Покистон дар ҳамлаҳои ахир ба Афғонистон биомӯзад.
Ба гуфтаи Буш, Амрикову Покистон ва Афғонистон "як душмани муштарак" доранд ва онро дар ҳарҷо таъқиб мекунанд: "Мо Ал-Қоъидаро сахт задем ва сахт маҷрӯҳ кардем. Дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Покистон. Ва мо бо дӯстамон Покистон фишор бар Ал-Қоъидаро идома медиҳем. Ман, албатта, умедворам, ки ҳукумат хатари ифротиюнеро, ки дар кишвари онҳо гашту гузор мекунанд, бифаҳмад. Ман фикр мекунам, ки мефаҳманд".
Амрико талош дорад дар муносиботи миёни Афғонистону Покистон нармишеро ба вуҷуд орад. Аммо Афғонистон дар чанд рӯзи ахир ҳамаи мулоқоту нишастҳои ҳафтаҳои оянда бо ҷониби Покистонро дар бораи ҳамкориҳои марзӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа барои муддати номаълум ба ҳолати таълиқ даровард.
Афғонистон мегӯяд, ин нишастҳо замоне баргузор хоҳанд шуд, ки миёни ду ҷониб ҳусни тафоҳум ва боварӣ ба вуҷуд ояд. Юсуф Разо Гелонӣ мегуяд, Исломобод бар ин назар аст, ки Афғонистони ором ба суди Покистон ва ба суди тамоми минтақа аст.
Хушунат дар Афғонистон дар ду ҳафтаи ахир бештар мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, рӯзи якшанбе дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳо 9 низомии Амрико дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳо дар вилояти Кунар кушта шуданд ва рӯзи чаҳоршанбе Марк Лейтӣ, сухангӯи нерӯҳои NАТО дар Афғонистон, эълон кард, ки онҳо посгоҳи Ванатро дар вилояти Кунар тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG