Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти кӯмаккунандаҳо ба Косово


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Бруксел конфронси кишварҳои кӯмаккунанда ба Косово ба кори худ шурӯъ кард.

Косово, ки моҳи феврали соли ҷорӣ истиқлоли худро аз Сербистон эълон кард, фақиртарин кишвари аврупоӣ ба шумор меравад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, масъулияти сарнавишти ояндаи Косоворо бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо истиқлоли давлатии Косоворо ба расмият нашинохтаанд.

Кумиссюни Аврупо, ки ниҳоди иҷроии Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, конфронси кишварҳои кӯмаккунанда ба Косоворо бо ваъдаи 500 милён евро кӯмак ба Косово оғоз кард. Олли Реҳн, раиси кумиссюни тавсеъаи Иттиҳодияи Аврупо чунин равишро намунаи ҳамоҳангии таъаҳҳудоти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Косово арзёбӣ кард: "Ман ифтихор дорам, ки бо ваъдаи 500 милён евро Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ба рушанӣ нишон дод, ки ҷумлаи "Косово масъалаи аврупоист ва комилан масъалаи аврупоист", фақат ифодаи дипломатӣ нест, балки таъйиди мушаххас ва воқеъии таъаҳҳудот ба Косово мебошад".

Интизор меравад, ки ваъдаи кӯмакҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба Косово ба як миллиард евро бирасад. Манобеъи дигари кӯмак низ вуҷуд дорад. Масалан, Амрико қавл додааст, ки ба Косово 400 миллион доллар кӯмак мекунад. Маблағи қобили мулоҳизае ҳам бояд аз кишварҳои арабӣ бирасад. Ин кишварҳо омодаанд ба Косово кӯмак кунанд, зеро аксари аҳолии Косоворо мусулмонон ташкил медиҳанд. Маҳофили байналмиллалӣ аз соли 1999 ба ин тараф, яъне аз замоне, ки нируҳои НАТО Югословии пешинро водор сохтанд, то идораи умури Косоворо дар ихтиёри СММ гузорад, ба Косово тақрибан ду миллиард евро кӯмак кардаанд. Ҳоло раҳбарони ин кишвар талош доранд, давлаташонро ҷаҳониён ба расмият шиносанд.

Рузи чаҳоршанбе Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово таъйид кард, ки вай барои узвияти кишвараш дар Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дархост фиристодааст ва мумкин аст дар ояндаи наздик ба ин дархост посухи мусбат диҳанд. То ҳол ҳафт кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо давлати Косоворо ба расмият нашинохтаанд. Аз сӯи дигар, Мирко Тсветкович, нахуствазири ҷадиди Сербистон, ки дар рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта савганд ёд кард, бар ин ақида аст, ки ҳадафи Сербистон ҳам вуруд ба Иттиҳодияи Аврупост ва кишвараш ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо "эътироф" нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG