Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истанбул: ҳамла ба консулгарии ИМА


Истанбул, қунсулгарии ИМА, 9. 07. 08
Истанбул, қунсулгарии ИМА, 9. 07. 08

Имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум дар Истанбул ба посгоҳи пулиси назди консулгарии ИМА ҳамла бурданд, ки дар пайи он 6 кас ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти мақомоти интизомии Туркия, дар тирандозӣ 3 корманди пулис ва 3 ҳамлакунанда кушта шудаанд. Сухангӯи сафорати Амрико гуфтааст, ки дар бораи куштори кормандони консулгарии Амрико гузорише дар даст нест.
Бино ба иттилоъи гуфтаи ӯ, тақрибан соъати 11 дар назди даромадгоҳи аслии консулгарӣ яке аз ҳамлакунандагон ба сӯи посгоҳи пулис оташ кушод. Ӯ афзуд, ки кормандони дунсулгарӣ барои равшанӣ андохтан ба сабабҳои ин воқиъа ва андешидани тадобири зарурӣ бо пулиси Туркия ҳамкориро шурӯъ кардаанд.
Муаммер Гулер, шаҳрдори Истанбул, дар суҳбат бо матбуъот гуфтааст, тирандозӣ чанд дақиқа идома ёфтааст ва шакке вуҷуд надорад, ки ин амали террористист. Ба таъйиди ӯ, як корманди пулис билофосила дар ҷои ҳодиса аз захми тир ҷон дода, ду нафари дигар аз кормандони пулис дар яке аз шифохонаҳо даргузаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бар асари тирандозӣ ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз шоҳидони айнӣ Эниз Йилмоз, ки дар ҷараёни ин тирандозӣ дар маҳалли ҳодиса будааст, ба хабаргузории «Ассошиейтед Пресс» чунин гуфтааст: «Як мошини сафед бо суръати баланд ба консулгарӣ наздик шуда, дар назди девори баланди он таваққуф кард. Сипас се нафар аз он мошин берун омаданд. Як корманди пулис аз посгоҳ ба сӯи онҳо шитофт. Вақте, ки пулис ба онҳо наздик шуд, яке аз онҳо ба ӯ оташ кушод. Ҳамин тавр, тирандозӣ шуруъ шуд».
Ҳамлакунандагон чаҳор нафар буданд. Як нафари онҳо мошинро идора мекард. Улус Дургути 24-сола, яке дигар аз шоҳидони воқиъа, ба хабаргузории «Ройтерз» гуфтааст, ки террористҳо риш ва муйсари дароз доштаанд ва тирандозӣ ҳудуди 15 дақида давом кардааст.
Ба гуфтаи Муаммер Гулер, ҳамлакунандагон мардони 25 – 30-сола ва ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия будаанд. Вай иддаъоро дар ин бора, ки ду нафари онҳо шиносномаҳои кишвари давлати Сурияро доштаанд, рад кард. Бино ба гузоришҳо, пулис нафари чаҳорумро таъқиб кардааст, вале ба ӯ муяссар шудааст, ки бо мошине аз маҳалли ҳодиса ғайб занад.
Бо назардошти масоъили амниятӣ консулгарии Амрико соли 2003 дар Истанбул сохта шуд – яъне пас аз он, ки дар соли 2003 тундравҳои исломии муттаъаллиқ ба «ал-Қоъида» дар Истанбул каниса ё сенагогаи яҳудиён, консулгарии Бритониё ва бонки Бритониё дар Истанбулро ҳадафи ҳамла қарор дода, даст ба бумгузориҳои интиҳорӣ заданд, ки дар натиҷа 58 нафар кушта шуд.
Росс Вилсон, сафири Амрико дар Туркия, низ дар нишасти хабарие дар шаҳри Анкара, пойтахти Туркия, ин ҳамларо амали террористӣ хонда, гуфтааст, ки Амрикову Туркия бар зидди терроризми байнулмиллалӣ якҷо мубориза мебаранд ва ин ҳамла як муассисаи дипломатист.
Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия, ҳам ин амали террористиро шадидан маҳкум карда, изҳор намудааст, ки Туркия то ахир бар зидди афродипаси ин ҳамла қарор дошта мубориза хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG