Муҳаммад Довудхон дар нахустин рузи таҷовузи нируҳои шӯравӣ дар моҳи апрели соли 1978 кушта ва дар ҷои номаълум дафн шуда буд.
Муҳаммад Довудхон дар Кобул, дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ як ҷо бо хонум, дастикам бо як фарзандаш ва чанд нафар аз узви хонаводааш тирборон шуданд. Тибқи гузоришҳое, ки акнун дастраси матбуъот мешавад, баъд аз тирборон ҷасади онҳо ба даште дар наздикии зиндони Пули Хумрӣ интиқол дода шуд ва ҳамаи онҳоро дар ин дашт дар як гури дастаҷамъӣ ҷой доданд.
Барои маълумот ёдоварӣ мекунем, ки зиндони Пули Хумрӣ дар наздикиҳои Кобул ҷойгир аст. Як ҳафта баъд аз ин куштор Мусо Шафиқ, нахуствазири даврони Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва чанд нафари дигар аз аъзои ҳукумати вай низ ба ин минвол зиндагиро падруд гуфтанд. Онҳо низ дар дашт, ки бо номи Полигон (ҳамон полигони русӣ) машҳур буд, дар гӯри дигари дастаҷамъӣ ба хок супурда шуданд.
Коммунистҳои Афғонистон, ки баъд аз кудатои низомӣ бар сари қудрат омаданд, ҳеҷ гоҳ куштори хонаводаи раиси ҷумҳури вақт ва аъзои ҳукуматро эътироф накарда буданд ва то ҳол маҳалли дафни онҳо номаълум буд. Хабари ифшои ҷои дафни онҳо ҳамин ҳафта дар Кобул эълон шуд.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар авоили соли ҷорӣ барои пайдо кардани ин гурҳои дастаҷамъӣ ва интиқоли боқимондаи ҷасадҳо ба маҳали муносиб кумисюни вижа ташкил кард.
Почо Мир яке аз мақомоти расмии баландпояи вазорати дифоъи вақти Афғонистон иддаъо мекунад, ки вай шахсан ҷараёни дафни раиси ҷумҳури собиқ ва аъзои хонаводаи вайро наззора кардааст ва дар он ширкат доштааст. Вай мегӯяд, ки дар пайдо кардани ин гӯрҳои дастаҷамъӣ низ нақши аслӣ доштааст.
Почо Мир дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: "Панҷшанбе , 27 апрел кудато шуд, фардои он рӯз соъати 12 шаб як мошин омад. Чун ман омири ҳифзу муроқибат будам, ба ман амр шуд, ки ҳамроҳ бо сарбозонам худро ба полигон бирасонам. Ман дидам, ки аз сӯи шаҳр чандин ҷип расид. Аввалин ҷип аз вазорати дифоъ буд. Баъд аз салом аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ омадаанд. Онҳо гуфтанд, ки аҷсоди Довудхон ва аъзои хонаводаашро овардаанд. Дар он замон Аслам Ватанҷор дар кудато шомил буд ва вай дар бораи ин полигон маълумоти кофӣ дошт. Вай ин гурӯҳро раҳнамоӣ мекард, то гӯрҳоро барои ин аҷсод омода бисозем. Сипас як мошини ЗИС омад, аҷсод дар ин мошини ЗИС буданд. Мошин ба назди гӯри дастаҷамъӣ, ки мисли чоҳ буд, наздик шуд ва ба ман гуфтанд, ки аҷсодро поин кунем. Сарбозон шурӯъ ба ин кор карданд ва як-як аҷсодро поин карданд. Ман худам ба даруни чоҳ рафтам ва танҳо коре, ки метавонистам бикунам, ин буд, ки рӯи онҳоро ба тарафи қибла баргардонам. Баъд онҳоро дафн кардем".
Почо Мир дар идомаи ин сӯҳбат меафзояд, бо вуҷуди ин ки шаб хеле торик будааст ва фармон додаанд, ки зудтар ҷасадҳоро зери хок кунанд, вай ҷасади Муҳаммад Довудхонро шинохтааст. Ҷасад сангин ва қоматкӯтоҳ будааст. Бино ба суханони Почо Мир, шаби баъдӣ ҷасади 16 нафари дигар аз хешовандони раиси ҷумҳурро овардаанд. Аксари онҳо кудакон ва занон будаанд. Онҳо низ дар ҳамин дашт ё полигон дар гури дигари дастаҷамъӣ ба хок супурда шудаанд.
Ба гуфтаи Почо Мир, ҷасадҳо ба хун оғушта будаан ва зоҳиран онҳро тирборон карда будаанд. Мир мегӯяд, бояд ин гӯрҳои дастаҷамъӣ махфӣ мемонданд, вале вай он вақт роҳҳои дар ёд мондани онро фикр мекард, то рӯзе онҳоро пайдо кунад. Ягона коре, ки дигарон бояд онро сарфаҳм намерафтанд, ин буд, ки вай масофаи миёни роҳ ва гӯрҳои дастаҷамъиро номаълум бо қадам ҳисоб кардааст ва ин масофа 65 қадам шудааст. Почо Мир мегӯяд, вай ин рақамро беш аз 30 сол дар ёд нигоҳ доштааст.
Почо Мир, ки ҳоло дар вилояти Хуст ба сар мебарад, ҳамин рӯзҳо аз хабари ташкили кумисюни вижа дар бораи пайдо кардани гӯрҳои дастаҷамъӣ огаҳӣ ёфтааст. Сипас вай ба кумиссюни мазкур занг задааст ва кӯмаки худро пешниҳод кардааст. Ҳоло ин аҷсод ба Кобул интқол ёфтаанд ва шиносоии онҳо идома дорад. Дар рӯзҳои наздик кумиссюни вижа дар бораи тадбирҳои баъдии марбут ба куштори беш аз 30 соли пеш ва маросими дафни Муҳаммад Довудхон, раиси ҷумҳури собиқ ва аъзои хонаводааш тасмим мегирад.