Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т. Ҷейкобсон: «Cармоягузорӣ эътимод мехоҳад.»


Мусоҳибаи хабарнигори радиои "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, дар рӯзи 232-вумин солгарди истиқлолияти Амрико

– Хонум Ҷейкобсон, аз муҳлати сафирии Шумо дар Тоҷикистон қариб ду сол сипарӣ мешавад. Дар ҳамин давра дар равобити Тоҷикистон ва ИМА чӣ тағйирот ба вуҷуд омаданд?
– Равобити мо бо ҳукумату мардуми Тоҷикистон хеле хуб аст ва аз он рӯзе, ки ман ин ҷоям, рӯз ба рӯз беҳбуд меёбад. Соли гузашта мо 88 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак кардем, аз ҷумла ин маблағ дар пули миёни Афғонистону Тоҷикистон, барномаҳои мухталиф дар соҳаҳои амният, сиҳат, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра харҷ шудааст. Сифату миқдори барномаҳои мо муназзам беҳ мешаванду меафзоянд.
– Оё нишондодҳои иқтисодӣ, бавижа дар гардиши мол миёни ду кишвар чӣ пешрафт доранд?
– Мо бештар рӯйи кӯмакҳо ба Тоҷикистон тамаркуз кардаем. Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳида хеле дур аст. Мо аз Тоҷикистон фақат алюминиум харидорӣ мекунем, ки нишондодҳои дақикро ман намедонам.
– Сандуқи байнулмилалии пул ҳукумати Тоҷикистонро дар шаш мавриди пешниҳоди маълумоти нодуруст муттаҳам кард. Сафир Хонум, воқеан як суоли норӯшан барои ҷомиаи Тоҷикистон ин мондааст, ки чаро изҳороти Сандуқ на баъди мавориди аввалу дуввум ё саввуму чоруму панҷум, балки шашум садо дод? Ва ҳам дар замоне ки Тоҷикистон як вазъи ногувореро аз сар мегузаронд?
– Ман хеле хуш ҳастам, ки дар ин маврид суҳбат кунам. Медонед, ин иттилоот хеле хуб пинҳон шуда буданд. Чӣ рух дод? Бонки миллӣ захираҳои давлатро ҳамчун замонати қарзҳои хусусӣ истифода кард. Ин маънои онро дорад, ки онҳо захираҳои давлатиро ба манфиати шахсони алоҳида истифода бурданд. Ин на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё мамнӯъ аст. Чанд дафъа аудит аз сӯйи ширкати Прайс Вотерҳелс гузаронида шуд, аммо тайи онҳо ин иттилооти бардурӯғ фош нагардиданд. Зеро ҳар дафъа, ки аудитор ва Сандуқи байнулмилалии пул аз Бонки миллӣ мепурсиданд «оё шумо захираҳои давлатиро барои ашхоси алоҳида истифода мекунед?», посух мегирифтанд, ки «не!». Онҳо ин қаллобиро хеле моҳирона пӯшида доштанд.
Ва ниҳоят, таййи як аудит имсол ин дурӯғҳо фош шуданд. Ҳамин ки фош карданд, онҳо ҳаққи хомӯш нишастанро надоштанд. Тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ онҳо муваззафанд, ки дар ин бора ба Шӯрои директорони Сандуқ дар Вашингтон хабар диҳанд ва онҳо хулоса бароварданд. Яъне моҳи январ иттилооти бардурӯғро ошкор карданд ва ҳамон моҳ хулосаашонро эълом доштанд. Аммо ҳоло вазъ дигар аст. Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди Сандуқи байнулмилалии пул дар мавриди гузаронидани аудити Бонки миллӣ розӣ шуд. Се ширкати аудиторӣ ҳам дар ин тендер ширкат мекунанд. Бонки миллӣ аудиторро интихоб мекунад ва аудит бо ширкати нозирони байнулмилалӣ сурат мегирад.
– Бархе аз коршиносон гуфтанд, ки изҳороти Сандуқи байнулмилалии пул дар ҳоле садо дод, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон рафт ва ин ҳам кори Амрикост, ки бо Эрон равобиташ хуб нестанд...
– На, ин фикри ботил аст. Агар 6 моҳ ё ду сол пеш иттилоъи бардурӯғ ошкор мешуд, ҳамон вақт ин кор сурат мегирифт. Мо намедонистем. Ин кори Амрико нест. Дар Шӯрои директорони Сандуқи байнулмилалии пул кишварҳои дигар низ ҳастанд. Ин кор бо ризоияти онҳо низ сурат гирифт. Ҳатто агар Иёлоти Муттаҳида ин иттилоъро медонист, пӯшида наметавонист, то ба ҳадафҳои сиёсиаш онро истифода кунад. Яъне қаллобӣ ошкор шуд ва изҳорот ҳам садо дод. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон, раҳбарияти ҷадиди Бонки миллӣ аз рӯйи нақша кор мекунанд. Ман хуш ҳастам, ки аудити махсуси Бонки миллӣ сурат мегирад.
– Сафир Хонум, шумо аввалин нафаре будед, ки расман тариқи расонаҳо аз аудити ду ширкати бузурги Тоҷикистон – «Барқи тоҷик» ва Талко, ширкати алюминиуми Тоҷикистон суҳбат кардед. Ба назари Шумо, чӣ зарурате барои ҳамчунин аудит пеш омадааст?
Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон
– Бояд гӯям, ки ин ибтикори ман набуд. Ман тасмими Сандуқи байнулмилалии пулро дастгирӣ мекунам. Ин ибтикори онҳо буд. Шояд ман ягона сафири хориҷие будам, ки дар ин бора ба расонаҳо гуфтам, дигар сафирон ҳам инро медонистанд. Ин сирри махфӣ набуд.
Чаро ин аудитҳо заруранд? Аввалан, Бонки миллӣ. Қаблан бо ин ниҳод мушкил вуҷуд дошт, тавре ки дар боло гуфтем. Акнун тариқи аудит бояд маълум кард, ки мушкил чӣ тавр ба вуҷуд омад ва чӣ бояд кард, ки оянда ҳамин гуна ҳолат рух надиҳад. Ин рӯшан аст. Чаро «Барқи тоҷик» ва Талко? Барои он ки онҳо корхонаҳои бузурги давлатианд. Азбаски ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад аз созмонҳои молиявии байнулмилалӣ маблағ гирад, барои созмонҳо муҳим аст бидонанд, ки ҳукумати Тоҷикистон захираҳои худро чӣ гуна истифода мекунад. Яъне даромадҳои «Барқи тоҷик» ва Талко куҷо мераванд? Ин барои ҳамкории беҳтари ҳукумати Тоҷикистону созмонҳои байнулмилал кӯмак мекунад. Муҳим аст, ки фаъолияти ин ду корхонаи давлатӣ шаффоф бошад. Ин масъалаи эътимод ва самаранокии маблағгузории иловагии байнулмилалӣ аст.
Ин иттилоъи муҳим на фақат барои сармоягузорони хориҷӣ, балки қабл аз ҳама мардуми Тоҷикистон аст. Зеро ин корхонаҳои бузург на барои ҳукумат, балки барои мардуми Тоҷикистон заруранд.
– Ҳукумати Тоҷикистон ба гузаронидани аудитҳо чӣ гуна бархӯрд кард?
– Дар хотирам ҳаст, ки 1 май дар Ёвон ман бо ҷаноби муҳтарам раисҷумҳур вохӯрдам ва ӯро бо қарори ширкат дар аудити «Барқи тоҷик» ва Талко табрик кардам. Ӯ гуфт, ки бале, ин корро мо мекунем. Райиси Талко ҳам он ҷо буд ва ин тасмимро дастгирӣ кард. Ман ягон ҳарфи мухолифатро аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон нашунидаам. Ҳатто бубинед, ки Бонки миллӣ шарту шурути тендерро дар интернет ҷой додааст. На фақат ҳукумат, балки ҳар кас дар кишвар метавонад онро бихонад ва бубинад, ки Бонки миллӣ бо чӣ кор машғул аст. Ин худ намунаи шаффофият аст.
– Мо бисёр мешунавем, ки ИМА ва кишварҳои Аврупо ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории кофӣ надоранд. Ба назар мерасад, Аврупову Амрико бештар таваҷҷуҳ ба кишварҳои нафту газхези Осиёи Марказӣ мекунанд. Ва вақте сухан дар бораи сармоягузорӣ меравад, ҷониби Амрикову Аврупо далел пеш меоранд, ки шароит ва кафолат дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо бубинед, ки Чин ҳудуди 1 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя мегузорад. Оё барои Чин дар Тоҷикистон бештар шароит ва кафолат дорад?
– Шумо бояд фаҳмед, ки ин ду система гуногунанд. Дар Чин корхонаҳои бузурги давлатӣ ҳастанд. Ҳукумат ба онҳо метавонад бигӯяд, ки барои чӣ ва дар куҷо сармоягузорӣ кунанд. Дар Аврупову Амрико иқтисод аслан дар ихтиёри шахсони алоҳида аст. Амрико ширкати бузурги давлатӣ надорад. Яъне ҳукумат наметавонад ба кори ширкатҳои хусусӣ дахолат кунад. Мо наметавонем ба онҳо гӯем, ки дар куҷо ва чӣ қадар сармоягузорӣ кунанд. Ширкатҳои пайи фаъолияти амну сердаромад ҳастанд. Агар дар кишварҳои дигар шароит барои соҳибкорӣ нисбати Тоҷикистон беҳтар бошад, онҳо он ҷо маблағгузорӣ мекунанд. Онҳо дар кишварҳое кор мекунанд, ки шароити сармоягузорӣ мусоид аст, яъне садҳои бюрократӣ вуҷуд надоранд ва агар доранд, хеле кам ва иттилоъи кофӣ барои сармоягузор дастрас аст. Дар Тоҷикистон 22 ниҳод вуҷуд доранд, ки на фақат ба соҳибкории хориҷӣ, балки ватанӣ низ таъсир мерасонанд. Ин омили манфӣ аст. Мо барои беҳбуди вазъ дар ин самт бо ҳукумати Тоҷикистон барномаҳо дорем. Пешрафт дар ин самт ҳаст ва умедворем, ки ба зудӣ вазъ куллан тағйир хоҳад ёфт.
– Чаро ҳукумати Тоҷикистон NDI – Институти миллии демократиро сабти ном накард?
– Ин суолро бояд ба ҳукумати Тоҷикистон диҳед. Ин қарор барои мо хеле дилсардкунанда буд. Мо ҳеҷ гоҳ ба ин масъала посухи мустақим нагирифтем. Ҳатто собиқ котиби департаменти давлатӣ Мадлен Олбрайт ба раисҷумҳури Тоҷикистон мактуб фиристод, аммо ӯ, мутаассифона, посух нагирифт.
– Хонум Сафир, як суол аз интихобот. Интихобот дар кишвари Шумо ва дигар кишварҳои низомашон демократї хеле ба сахтї сурат мегирад. Як намояндаи мардум ё президентро то ин ки ба пирўзї расад, бояд чї ќадар зањмат кашад. Ин раванди беш аз 1 – сола аст. Аммо дар кишварњои авторитарї маъракаи интихобот њамагї ду – се моњ ќабл аз интихобот шурўъ мешавад ва умдатан барномањои ин се моњ низ ќаблан тарњрезї шудаанд, то намояндаи њукумат ва њамон як нафар баргузида шавад. Шумо ояндаи ин сохторро, масалан дар Тољикистон чигуна мебинед?
– Ноябри соли 2004 дар мо интихоботи раисҷумҳур баргузор шуд, ки мутаассифона, ба меъёрҳои байнулмилалӣ мувофиқат намекард, тавре Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ гуфт. Аммо ман мегӯям, ки ин интихобот дар қиёс аз интихоботҳои пешин беҳтар буд. Яъне мо беҳбудиҳоро дидем. Мо пешрафтро мушоҳида кардем, аммо пешрафт ба сӯи меъёрҳои байнулмилалиро на. Мо баъзе барномаҳои Сандуқи байнулмилалии низомҳои интихоботӣ ё АЙФЕС-ро дастгирӣ мекунем. Масалан, ҳоло як пружаро, ки омода кардани Қонуни нави интихоботи Маҷлиси Олиро дар назар дорад, дастгирӣ дорем.
Интихобот интихобот нест, агар натиҷаҳояш аз қабл маълум бошад. Мардум бояд онеро интихоб кунад, ки мехоҳад. Бале, дар мо ду сол мубориза мебаранд. Агар интихобот аз рӯйи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирад, натиҷаҳо низ ҳақиқӣ мешаванд. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон аксари мардум мехостанд ба раисҷумҳур Эмомалии Раҳмон раъй диҳанд. Аммо ҳоло мо имкон дорем, ки қонунро беҳтар кунем ва интихоботи парлумонии соли 2010 бозгӯи пешрафти назаррас мешавад. Мо ба ин умед дорем.
– Вазири хориҷи Фаронса ва вазири давлатии Олмон дар умури хориҷӣ ҳангоми боздиди худ аз Тоҷикистон аз миёни аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон танҳо бо сарвари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ вохӯрданд. Ба назари Шумо, ин аз хавф аст ё эътирофи нуфузи як ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон?
– Барои ман ин суоли назариявӣ аст. Ман посухи онро намедонам. Кабирӣ намояндаи ягона ҳизби мухолифи ҳукумат аст, ки дар парлумон курсиро соҳиб гаштааст. Шояд ба ҳамин хотир бошад! Ман ин ҷо ҳайатҳои зиёдеро аз Фаронсаву Олмон дидаам ва онҳо ба ман гуфтанд, ки бо намояндагони аҳзоб вохӯрдаанд. Ҳайатҳои мо ҳам меоянд, аммо баъзан онҳо вақт намеёбанд, ки бо намояндагони аҳзоби мухолиф вохӯранд. Кабирӣ ҳизби аз ҳама пурқудрати мухолифи ҳукуматро намояндагӣ мекунад. Агар вақт танҳо ба як нафар аз сарварони мухолифин кифоят мекунад, Кабирӣ интихоби бад нест. Агар ҳайатҳои мо оянд, мо мекӯшем, ки на фақат бо аҳзоб, балки бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ низ вохӯранд. Аммо аз андешаи Фаронсаву Олмон дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар надорам.
– Хонум Сафир, дар дунёи муосир теъдоди чашмраси кишварҳои исломӣ, аз қабили Эрон, Покистон, Афғонистон ва Туркия дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ нақши муассир доранд. Кишвари Шумо бо Покистон ва бавижа бо Афғонистон ҳамкориҳои танготанг дорад. Ва як назари маъмул низ ҳаст, ки Амрико ва Русия-ду кишвари абарқудрат омода нестанд,ки неруҳои исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳиби қудрат бошанд дар ҳоле ки барои мисол дар Тоҷикистон 97% атбои он мусалмонаст. Ва аз ҳамин ҷост, ки бархе аз пешвоёни ҳаракатҳои исломӣ талош барои муборизаи ҷиддии сиёсиро ба баъд мегузоранд. Назари шумо чӣ аст дар ҳоли ба қудрат расидани як ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон Амрико бо ин ҳукумат ҳамкорӣ хоҳад кард?
– Ман ба суолҳои назариявӣ посух доданро дӯст намедорам. Ин барои дипломат хатарнок аст. Аммо аз хоҳишу фикри мо вобаста нест, ки дар Тоҷикистон кадом сохти давлатдорӣ бошад. Ин хоҳишу иродаи халқи тоҷик аст, яъне ӯ чӣ мехоҳад. Ман медонам, ки 97% мардуми Тоҷикистон мусалмонанд. Аммо он қадар ки ба ман равшан шудааст, ин аст, ки аксари мардум аз давлати дунявӣ пуштибонӣ мекунанд. Ин давлатест, ки мо бо он ҳамкорӣ мекунем ва мо хуш ҳастем, ки бо давлати дунявии Тоҷикистон кор мекунем. Ва медонем, ки аксари мардум мусалмонанд. Мо бо ин мардум мушкиле надорем.
Дуруст зикр кардед, ки мо бо кишварҳои исломие, мисли Покистон, Афғонистон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо ҳамкорӣ мекунем. Мо омодаем бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамкорӣ кунем. Ҳоло Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин хоҳиши мардуми тоҷик аст, на Русияву Амрико. Ин интихоби мардум аст ва мо онро дастгирӣ мекунем.
– Сафир хонум, чандест, ки дар Тоҷикистон баҳсҳо миёни ҷараёни ҷадиди салафия ва уламои исломи кишвар идома дорад. Аммо овозае, ки ахиран мо шунидем, ин аст, ки гӯё салафиёнро сафорати шумо пуштибонӣ ва ҳатто маблағгузорӣ мекунад? Оё ин дуруст аст?
– Ин дуввумин фикри ботил аст, ки ман имрӯз мешунавам. Мо ақидаи озодии дину виҷдонро дастгирӣ мекунем. Аммо аз ягон созмони динӣ пуштибонии молӣ намекунем. Дар Амрико давлат аз созмонҳои динӣ ҷудо аст.
Аммо ин фикр, ки мо инҷо, дар сафорати Амрико нишаста ба созмонҳои динӣ пул тақсим мекарда бошем, фикри ботил аст. Мо дар масъалаи таъмини озодии виҷдон барои ҳамаи созмонҳои осоиштаи динӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Ман ҳам он мақоларо хондаам, ки гӯиё мо ба салафиҳо пул медода бошем. Ин фақат тарғибот – аст.
XS
SM
MD
LG