Коршиносони минтақаӣ мегӯянд, натиҷаҳои ин амалиёт дар моварои марзи Покистону Афғонистон эҳсос шудааст. Гузашта аз ин, дар ҷараёни ин амалиёт нерӯҳои NATO ва артиши Покистон, ки дар ду тарафи марз бар зидди тундравҳо меҷанганд, навъе ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии амалиёти худ дар сатҳи нав даст ёфтаанд.
Низомиёни Амрико дар Афғонистон мегӯянд, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо шаби душанбе ба сешанбе тундравҳои ҷонибдори Толибонро дар шарқи Афғонистон мавридиҳамла қарор додаанд. Бино ба гузоришҳои расида, дар ин амлиёт тақрибан 30 тундрав кушта шудааст. Сарҳанг Муҳаммад Исрор, афсари артиши Афғонистон, мегӯяд, задухӯрд бо 50 тундрав шурӯъ шуд, бо тундравоне, ки барои ҳамла ба нерӯҳои NATO аз хоки Покистон ба Афғонистон гузашта буданд. Ба гуфтаи оқои Исрор, тундравҳое, ки аз ин ҳамлаҳо ҷон ба саломат бурданд, по ба фирор ниҳодаанд ва акнун саъй мекунанд дар манотиқи қабиланишини Покистон барои худ паноҳгоҳ ҷӯянд.
Чунин амалиёт дар манотиқи дигари марзӣ бо Покистон низ бар зидди тундравҳо анҷом гирифтааст. Коршиносон мегӯянд, барои мубриза бар зидди тундравҳои мусаллаҳ дар ду тарафи марз ҳамкории миёни воҳидҳои артиши Покистон ва нерӯҳои NATO дар Афғонистон падидаи нав аст.
Алӣ Аҳмади Ҷалолӣ, вазири пешини дохилаи Афғонистон, ки ҳоло устоди маркази мутолеъоти стротегии ҷануби шарқии Осиё ва донишгоҳи дифоъи Вошингтон аст, дар ин бора чунин назар дорад: "Ин амалиёт замоне оғоз шуд, ки шаҳри Пешовари Покистон таҳти таҳдиди мустақим қарор дошт. Он аз се самт тақрибан муҳосира шуда буд. Мақомоти Афғонистон борҳо гуфта буданд, ки, агар ҳукумати Покистон аз ҳамлаҳои фаромарзии ифротиҳо пешгирӣ накунанд, рӯзе мерасад, ки ифротиҳо ба ҳукумати Покистон низ ба таври ҷиддӣ хатар эҷод мекунанд. Ҳоло амнияти Пешовар нисбат ба амнияти баъзе шаҳрҳои Афғонистон бадтар аст. Ба ҳамин далел, ҳадафи аввали ин амлиёт берун рондани тундравҳо аз атрофи Пешовар аст. Ман умедворам, ки ин амлиёт давом кунад, то замоне, ки пойгоҳҳои онҳо аз байн бурда шаванд, пойгоҳҳое, ки онҳо аз дохили Покистон ба нерӯҳои NATO ва нерӯҳои афғон дар хоки Афғонистон ҳамла мебаранд. Аз сӯи дигар, ин амалиёт бояд то замоне дар манотиқи қабиланишин давом кунад, ки тундравҳо натавонанд барои Покистону Афғонистон ё минтақа хатар эҷод кунанд".
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, генерал Ҷеффрӣ Шлоссер, фармондеҳи нерӯҳои NATO дар шарқи Афғонистон, ба хабарнигорон дар Вошингтон гуфт, ҳамлаҳои тундравҳо дар шарқи Афғонистон ҳамлаҳои фаромарзӣ мебошанд.