Раёсати давраӣ дар ин иттиҳодия шаш моҳ давом мекунад. Порис мегӯяд, ки дар ин давраи шашмоҳаи раёсаташ нақшаҳои бузурге дорад, зеро мухолифати райдиҳандагони Ирлонд ба Паймони Лисбон чунин маъно дошт, ки ин иттиҳодия ба таҷдиди ниҳодҳои худ ниёз дорад. Дар чунин ҳолат ҳар кореро, ки Фаронса мехоҳад анҷом диҳад, имкон дорад тира ҷилвагар шавад.
Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса дар ҷараёни мусоҳибаи телвизюнӣ ҳангоме, ки дар бораи оғози давраи раёсати кишвараш бар Иттиҳодияи Аврупо суҳбат мекард, бепарвоёна ва андешманд ин сухарнонро ба забон овард: "Чизе дуруст нест..., ба ҳар ҳол чизе дуруст нест".
Чунин суханон дар муқоиса бо изҳороти хушбинонаи даҳ руз пеши вай мисли фарёде аз дур ба гушҳо мерасид. Даҳ рузи пеш вай гуфта буд, бо вуҷуди он ки Ирлонд ба Паймони Иттиҳодияи Аврупо мухолифат кард, Порис барои таъмини ваҳдати ҳамаи кишварҳои узви ин иттиҳодия саъй хоҳад кард: "Нақши раёсати давраии Фаронса аз он иборат хоҳад буд, ки ҳамаи Аврупоро ба хонаводаи воҳид табдил диҳад. Вақте, ки ман хонаводаи воҳид мегӯям, ҳамаи 27 кишвари узвро дар назар дорам. Тавофуқи дуввум ин аст, ки анҷоми ҳар гуна гуфтушунуди дубора дар бораи Паймон дар дастури рӯз қарор надорад".
Баъд аз мухолифати Ирлонд Лех Качински, раиси ҷумҳури Лаҳистон эълон кард, ки вай дар Паймони Лисбон имзо нахоҳад гузошт, дар ҳоле ин паймонро порлумони кишвараш ба тасвиб расондааст.
Ҳорст Коҳлер, раиси ҷумҳури Олмон низ эълон кард, ки тасвиби паймонро ба таъхир меандозад ва мунтазири тасмими Додгоҳи Қонуни Асосӣ мемонад.
Мавзеъгирии ҷумҳурии Чех низ мушобеҳи мавзеъгирии Олмон аст ва мегӯяд, ки раванди тасвиби Паймони Лисбонро муттаваққиф сохтааст, то бубинад, ки тасмими Додгоҳи Қонуни Асосӣ чӣ хоҳад буд.
Бо назардошти чунин вазъ, ба эҳтимоли зиёд, Иттиҳодияи Аврупо дар чанд моҳи оянда саъй хоҳад кард, ки қадамҳои баъдии худро мушаххас кунад. Ин бад-он маънист, ки Фаронса дар муддати раёсати худ метавонад барномаҳои баландпарвозонаи худ ё ислоҳот дар ин Иттиҳодияро анҷом диҳад.
Оливер Розенберг-сиёсатшиноси муқими Порис дар ин бора чунин назар дорад: "Фаронса дар давраи раёсаташ ба масъалаҳои зистмуҳитиву энержӣ, муҳоҷират ва тағири сиёсатҳои кишоварзӣ бартарӣ қоил хоҳад шуд. Масъала ин аст, ки ин бахшҳо бино ба душвориҳои сохторӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Гузашта аз ин, раванди Аврупо кунд аст. Чунин ба назар намерасад, ки дар чанд моҳ касе битавонад қонунгузориро дар Аврупо тағир диҳад. Барои қонунҳои Аврупо ин раванд вақти зиёдро мегирад".
Дар ҳар сурат, рӯзи аввали раёсати шашмоҳаи Фаронса бар Иттиҳодияи Аврупо бо изҳороти раиси ҷумҳури Лаҳистон ва посухи Петер Менделсон, раиси бахши молии Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамлаҳои Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса оғоз шуд. Раиси ҷумҳури Лаҳистон мегӯяд, ки вай дар Паймони Иттиҳодияи Аврупо имзо намегузорад ва Петер Менделсон мегӯяд, ки интиқодоти оқои Саркозӣ аз фаъолияти бахши молии иттиҳодия, яъне аз фаъолияти вай появу асос надорад. Тавре, ки дида мешавад, аз рӯзи аввал сари оқои Саркозӣ бо чунин моҷароҳо гарм шудааст.