Илёсиддин Сайидҷаъфаров, як сокини Рашт, ки дар солҳои 70-ум Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар ибтидои солҳои 90-ум аз сахтиҳои зиндагӣ мактабро тарк ва давоми якчанд сол дар Русия кор кардааст, мегӯяд, бештари афроди маълумотдор дар Русия ба корҳои сиёҳ машғуланд ва танҳо қисмати каме аз онҳо тавонистаанд бо ихтисоси худ дар Русия кор пайдо намоянд. Ба гунаи мисол, ӯ аз як олими физики тоҷик ёдовар шуд, ки дар бозори Черкизи Маскав барои муҳоҷирин ош мепухт.
Қудратуллои Ширинҷон, устоди яке аз макотиби Рашт мегӯяд, набуди омӯзгорони варзида дар макотиби Рашт мизони таълиму тадрисро поин бурдааст.
Расулҷон Қандов, ки хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар солҳои 80-ум аст, мегӯяд, бисёр воқеъ шудааст, ки муҳандисону корфармоёни рус аз донишу маълумоти мутахассисони мо ангушти ҳайрат газидаанд. Вай аз як коре ёдовар шуд, ки давоми ду ҳафта барои пайдо кардани симҳои пайвасти хати барқ зери замин бо корфармоён заҳмат кашидаанд ва танҳо як мардикори тоҷик тавассути формулаи физикӣ сарбанди онро аз зери як гаражи мошин, ки нафаре он ҷо пайвастшавии ноқилҳоро гумон надошт, пайдо кард.
Бар тибқи омори расмӣ, танҳо аз як худи ноҳияи Рашт ҳудуди 10 000 нафар ҳамасола ба Русия ба мардикорӣ мераванд, ки як бахши аъзами онҳоро ашхоси маълумотдор ташкил медодаанд.