Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҳангоми пахши як гузориш аз ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 3 сония симои райиси «Ориёнбонк»-ро намоиш дод. Сомонаи интернетии «Ориёнбонк» ва ба истинод ба ин манбаъ хабаргузории «Ховар» як хабарро пахш карданд, ки, тибқи он, Ҳ. Асадуллозода таййи се ҳафтаи ахир бо роҳбарони созмонҳои давлативу байнулмилалӣ, сохторҳои тиҷоратии мизоҷи бонк мулоқотҳо анҷом додааст.
Зоҳир шудани чеҳраи райиси «Ориёнбонк» бо гузашти як моҳ аз нашри хабари марги фоҷиъаноки ӯ сурат мегирад, ки дар расонаҳои Узбакистону Русия ба табъ расида буд. Масъулини бонки мазкур як дафъа ба Радиои Озодӣ ин хабарро такзиб карда буданд. Аммо ҳатто бо гузашти як моҳ худи оқои Асадуллоҳзода дар расонаҳо зоҳир нашуд ва дигар шаҳодате дар мавриди зинда будани ӯ пайдо нагашт, ки ин ҳол шоеъоту гумонҳои ҷомиъа ва ҳадсу овозаҳоро дар мавриди ӯ афзойиш дод.
Дар ҳамин ҳол, зоҳир шудани симои ӯ дар телевизион ба ҳангоми суханронии Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ин шоеъоту гумонҳоро гӯиё бояд рафъ мекард.
Дар дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ ба ба мо гуфтанд, ки он чи дар навор дида мешавад, ҳақиқат аст. Аммо касе аз масъулини дафтар ҳозир нашуд расман дар ин маврид бо мо ҳамсуҳбат шавад.
Дар хабаре, ки дар сомонаи интернетии «Ориёнбонк» ва хабаргузории «Ховар» нашршудааст, омадааст, ки таййи се ҳафтаи ахир Ҳасан Асадуллозода бо роҳбарони созмонҳои давлативу байнулмилалӣ, инчунин бо сохторҳои тиҷоратие, ки мизоҷони бонк мебошанд, мулоқотҳо анҷом додааст. Аммо дар ин хабарҳо мушаххасан гуфта нашудааст, ки ин вохӯриҳо кай, дар куҷо ва бо киҳо сурат гирифтаанд.
Ҳамчунин нафароне, ки дар акси хабаргузории «Ховар» дар шафати Ҳасан Саъдуллозода нишаста буданд, ва низ масъулини «Ориёнбонк» аз суҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд.