Дар Лубнон низомиёни зери фармони генерал Мишел Сулаймон барои расидани вай ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ даст ба амалиёте назадаанд. Дирӯз намояндагони порламони Лубнон, тибқи Қонуни асосии ин кишвар, Мишел Сулаймонро бо аксарияти ороъ раисҷумҳури ин кишвар интихоб карданд.
Нерӯҳои ҷонибдори Сурия ва Эрон бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангиданд. Мишел Сулаймон аз ҳар ду тарафи даргири Лубнон худро дар канор нигоҳ дошт. Ба ин далел вай яке аз номзадҳои қобили қабули ҳар ду ҷониб дониста мешуд.
Қабл аз ин интихобот ҷонибҳо дар Доҳа, пойтахти Қатар, роҷеъ ба номзадии генерал Сулаймон ба тавофуқ расида буданд. Аз моҳи ноябри соли гузашта – аз замоне, ки Эмил Лаҳуд, раиси ҷумҳури пешин, аз мақомаш истеъфо дод, – дар Лубнон курсии раисҷумҳур холӣ буд.
Ҳоло раҳбарони ҷаҳон Генерал Мишел Сулаймонро ба муносибати интихобаш ба ин мақоми олии Лубнон табрик мегӯянд ва интихоби раисҷумҳурро рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар ҳаёти он кшвар медонанд. Аз ҷумла, Франко Фраттинӣ, вазири хориҷаи Итолиё, дар ин бора чунин гуфт: "Имрӯз рӯзи бузурги умед барои Лубнон аст. Рӯзи оғози раванди нави иттиҳоди ниҳодҳои демократист. Ман аз интихоби раисҷумҳури нави Лубнон ва ташкили ҳукумати нави ваҳдати миллӣ умеди зиёд дорам".
Манучеҳи Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, низ дар Бейрут, пойтахти Лубнон, аз ин интихоб ҷонибдорӣ кард.
Генерал Сулаймон, раисҷумҳури нав 59 сол дорад. Аз 50-солагиаш то имрӯз фармондеҳи артиши Лубнон будааст. Дар ин муддат дар Лубнон борҳо буҳрони сиёсӣ пеш омадааст, вале вай дар давоми се соли нобасомониҳои ахири сиёсӣ артишро якпорча нигоҳ дошт ва аз тарафҳои мухолиф ҷонибдорӣ накард. Чунин мавзеъгирии генерал Мишел Сулаймон кишварро аз оғози ҷанги дохилӣ нигаҳ дошт ва вай ба шахсияти қобили эътимод ва эҳтироми ҳар ҷониби мухолиф табдил ёфт.