Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи ҳасанаи Чин ва Тоҷикистон


Чин аз Тоҷикистон натанҳо бо биноҳои баландаш бартарӣ дорад
Чин аз Тоҷикистон натанҳо бо биноҳои баландаш бартарӣ дорад

Ба гуфтаи Лян Гуан Ле, вазири дифоъи Чин, ин кишвар ва Тоҷикистон дар як қатор соҳаҳо ба муваффақиятҳое ноил шудаанд.

Вазири дифоъи Чин баъди мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон равобити сиёсӣ ва низомии ду кишварро самимона арзёбӣ карда, гуфт, Чин таййи 16 соли ба роҳ мондани равобити дипломатӣ дар симои Тоҷикистон як ҳамкори дӯстро пайдо кардааст: «Ба шарофати кӯшишҳои муштарак Тоҷикистону Чин дар соҳоти сиёсат, иқтисод, амният ва фарҳанг ба муваффақиятҳои бузург ноил гаштанд».
Лян Гуан Ле дар остонаи нишасти вазирони дифоъи кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таъкид кард, дар ин нишаст як қатор ҳуҷҷату созишномаҳои муҳим ба имзо мерасанд, ки барои тақвияти равобити кишварҳо муҳим хоҳанд буд. Вазири дифоъи Чин созишномаи ҳамкориҳои вазоратҳои кишварҳои узви Сомони ҳамкориҳои Шонгҳой ва як қатор ҳуҷҷатҳоеро зикр кард, ки алайҳи таҳдидҳои муъосир ба амнияти минтақа рабт доранд. Вай афзуд, дар ҷаласа ҳамчунин омодагиҳо ба як қатор тамринҳои муштараки низомии аъзои созмон баррасӣ хоҳанд шуд.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 аз сӯи 7 кишвар – Чин, Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон – ташкил шуда буд. Дар ҳоли ҳозир дар ин созмон Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон мақоми нозирӣ доранд.
Қаблан ҳангоми сафараш ба Чин Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон, аз Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой тақозо карда буд, ки он дар ҳалли қазияи Афғонистон мустақим ширкат кунад.
Эрон расман хостори узвият ба созмон карда буд, ки, ба қавли иддае, Чин яке аз мухолифони узвияти Эрон ба СҲШ аст. Дар навбати худ, Тоҷикистон аз узвияти Эрон ба созмон ҳимоят мекунад.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъи Чин Лян Гуан Ле бо ироъаи чанд сухани расмӣ нахост дар дигар мавзӯъҳо бо хабарнигорон суҳбат кунад.
XS
SM
MD
LG