Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи бади иҷрои нақшаи даъват ба аскарӣ дар ВМКБ


Қисме аз рахтхобҳои қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳамоно холӣ мемонанд
Қисме аз рахтхобҳои қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳамоно холӣ мемонанд

Вазири дифоъи кишвар Шералӣ Хайруллоев дар як номаи худ ба ҳукумати ВМКБ навиштааст, ки агар комиссариати низомии ноҳияи Ванҷ нақшаи баҳорӣба хизмати аскариро иҷро накунад, ин ниҳоди низомӣ дар ноҳияи мазкур барҳам мехӯрад ва вазифаи он бар дӯши комиссаариати низомии ноҳияи Рӯшон гузошта мешавад.

Иброҳимбек Ғозибеков, муъовини аввали раиси вилоят, дар суҳбати бидуни микрофон бо родиюи «Озодӣ» ин номаи вазири дифоъи Тоҷикистонро ба унвони раиси вилоят тасдиқ намуд ва гуфт, ки то анҷоми мавсими баҳории даъват ба артиши миллӣ «ҳанӯз вақт ҳаст» ва ҳукумати вилоят намегузорад комиссариати низомии ноҳияи Ванҷ аз байн равад.
Сафар давлатов, комиссари низомии минтақа, гуфт, ки , агар дар масими тирамоҳиисоли гузашта аз нисф зиёди ҷавонони синнашон ба хидмати аскарӣ расидаи ноҳияи Ванҷ саркашӣ карда буданд, пас дар мавсими баҳории имсола аз 80 нафар танҳо 1 нафар ба хидмати аскарӣ ҷалб шудааст. Ӯ, аз ҷумла, мутазаккир шуд, ки ин ноҳия дар давоми 5 соли ахир нақшаро иҷро намекунанд, ҳарчанд дар ин муддат чаҳор маротиба раҳбари комиссариати низомии ноҳия иваз шудааст: «Агар ин дафъа ҳам нақшаи даъват ба хизмати аскарӣ дар ин ноҳия иҷро нагардад, комиссариати низомии он аз байн бурда мешавад».
Аммо оё чаро дар ҳолате, ки бо фаро расидани сулҳ дар кишвар ва шароити беҳтар дар қисмҳои низомӣ ҳанӯз ҳам ҷавонон аз хизмати аскарӣ рӯ метобанд. Як сокини шаҳри Хоруғ, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кард, изҳор намуд, ки, агар давлати кишвар таъмини волидони барҷоймондаашро, ки дар ягон ҷой кор намекунанду якҷоя ҳамагӣ 80 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, бо ғизову пӯшок ба уҳда бигирад, вай бидуни чуну чаро ба аскарӣ хоҳад рафт: «Агар ман ба аскарӣ равам, кӣ онҳоро нигоҳубин мекунад?»
Пайкармоҳ Алиёрова, раиси ноҳияи Роштқалъа, ки аслан табиб аст, сабаби дигари иҷро нашудани нақшаи даъват ба хидмат дар артишро саломатии бади даъватшавандагон медонад. Ӯ гуфт: «Масалан аз 67 нафар ҷавононе, ки дар ноҳияи мо аз муъойинаи тиббӣ гузаштанд, 30 нафарашон гирифтори бемориҳои пӯсту гурда ва чашм буданд. Ва аз ҳама бадаш, ин ҷавонон имкон надоранд, ки амрози худро табобат кунанд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба масъулини таъйиди комиссариати низомии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, наздики 3 000 ҷавонони синнашон ба хидмати аскарӣ расида дар ҳоли ҳозир ҷиҳати таъмини зиндагии худ ва аҳли хонаводаҳояшон дар кишварҳои дигар машғули мардикорӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG