Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳри атомӣ дар бадани тоҷикон


Дар Қӯрғонтеппа ҳамоиши аъзои шӯрои ҷамъиятии Иттифоқи маъюбони Чернобили Тоҷикистон доир шуд, ки алъон 2250 узв дорад.

Раиси ин созмон Фаридун Ҳакимов дар як сӯҳбати телефонӣ аз Қӯрғонтеппа ба радиои Озодӣ гуфт, ки аъзои ин созмон аз ҳисоби ширкатдорони амалиёти поккории паёмадҳои садамаи Чернобил, ҳамсарони қурбониҳои ин ҳодиса ва фарзандони онҳо иборат аст. Вай гуфт, баъди дар соли гузашта қабул шудани Қонуни ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар пайи таркиши нирӯгоҳи атомии Чернобил зарар дидаанд, аз лиҳози иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба замин шароити бозмондаҳои ин таркиши атомӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст.

"Ин қонун бисёр имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад, ҳам барои иштирокдорони амалиёти баъди садама, ва ҳам аъзои оилаи онҳо. Аз ҷумла, ба онҳо соле як бор рафту омади ройгон барои табобат тавассути роҳи оҳан ё ҳавоӣ ба беруни Тоҷикистон иҷоза дода мешавад. Ғайр аз ин, ҳам ба маъюб ва ҳам ва фарзанди ӯву бевазанҳо ба маблағи 688 сомонӣ роҳхати бепул ба осоишгоҳи тиббӣ соле як бор тақдим мешавад".

Ҳаҷми нафақаи ширкатдорони Чернобил, ки маъюб ҳастанд, ҳамчунон назар ба дигар бахшҳои бознишастаҳо болотар буда, 85% маоши миёнаи шахсро ташкил медиҳад, мегӯяд оқои Ҳакимов.

Вай афзуд, ки бо вуҷуди ин ки қонун ба ширкатдорони амалиёти Чернобил дастрасӣ ба хадамоти ройгони тиббиро пешбинӣ мекунад, на дар ҳама ноҳияҳо ин муқаррот риоя мешавад. Оқои Ҳакимов гуфт, ки гоҳо духтурон барои табобати бемор маблағ талаб мекунанд, ки ин ғайриқонунӣ аст.

Вай афзуд, ки талоши онҳо ин аст, ки ба ҳама маъюбони Чернобил дар Тоҷикистон қитъаҳои замини ройгон дода шавад, то ки онҳо тавонанд ҳадди аққал як бахши ғизои худро таъмин кунанд. Вай гуфт, ки чунин корҳо тадриҷан дар ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Қумсангир, дар вилояти Суғд ва қисман дар Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои раҳбари шӯрои ҷамъиятии Иттифоқи маъюбони Чернобил феълан дар Тоҷикистон 67 намояндагии ҷамъияти онҳо амал мекунад, ки дар узвияти он 1150 маъюб ва 2750 тифли маъюби модарзод, фарзандони ширкатдорони амалиёти Чернобил пазируфта шудаанд. Вай гуфт, ин атфол баъди бозгашти падаронашон аз Чернобил ба дунё омадаанд:

"16 фоизи кӯдаконе, ки баъди хизмати падарҳояшон дар Чернобил ба дунё омадаанд, маъюб ҳастанд. Дар Русия 4,5 %, дар Украина, дар маҳалли таркиш - 5,5 %, дар Беларус - 4 % аст. Сабаби ин омили иҷтимоӣ аст, яъне тифли бемор сари вақт ба витаминҳову ғизои хуб дастрасӣ надоштааст. Бо 60-70 сӯм дар вақташ магар имкони ба фарзанд додани хӯроки хуб мавҷуд буд? Ин мушкилот то ҳол вуҷуд дорад".

Аксари ин кӯдакон, ба иттилои Фаридун Ҳакумов, аз камхунӣ, ҷоғар ва сил азият мекашанд, ва аммо ба фарқ аз дигар беморон, дар ҷисми кӯдакон ин амроз ба шакли тағйироти генетикӣ зуҳур кардааст, ки дучанд ҳаёти онҳо ва наслҳои минбаъдаро бо хатар рӯбарӯ мекунад. Оқои Ҳакимов афзуд, ки бо нигоҳ ба сарнавишти ин кӯдакон ва ҷоҳталабиҳои ҳастаии баъзе давлатҳои сайёра хеле муҳим аст, ки фалокати Чернобил барои инсоният чун дарси хубе хизмат кунад:

"Муҳим аст, ки он корхонаҳое, ки ядрои атомиро дар фаъолияти худ истифода мекунанд, эҳтиёт шаванд. Чернобил бояд такрор нашавад. Азобашро мо мекашем, мо мефаҳмем, ки ин фалокат чӣ натиҷа дошта метавонад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин фоҷеа такрор нашавад".

Фаридун Ҳакимов гуфт, ки соли 1986 беш аз 6000 сокини Тоҷикистон, сарбозон ва хизматчиёни қисмҳои эҳтиётӣ барои кӯмак дар муқобила бо паёмадҳои Чернобил сафарбар шуданд ва аз миёни онҳо, беш аз 200 нафарашон то имрӯз бар асари бемориҳои марбут ба ташашшӯи радиоактивӣ ба ҳалокат расиданд. Вай гуфт, ки ин созмон танҳо кӯмакҳои яквақтаро аз ҳукуматҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ барои муолиҷаи маъюбони Чернобил ва пардохти дигар хароҷоти онҳо дарёфт мекунаду халос.

XS
SM
MD
LG