Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доғи сиёҳи Чернобил дар вуҷуди сафеди кӯдакони тоҷик


Руслани панҷсола намедонад, «Чернобил» чӣ маъно дорад? Ӯ танҳо медонад, ки волидонаш баъзан бо оҳи сард ва садои паст дар бораи ким-кадом чизе сӯҳбат мекунанд, ки баъд аз кадом як таркише ба сарнавишти Руслан таъсири мустақим гузоштааст.

Руслан мисли дигар ҳамсолони худ наметавонад озодона ҳарф занад, чунки аз модар маълул ба дунё омадааст. Аз хурдӣ гирифтори бемории диққи нафас ва ҷоғар мебошад. Аммо бо ин ҳама сахтӣ ӯ ба зиндагӣ назари нек дорад ва мегӯяд: «Худамро хуб ҳис мекунам»

Садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил бист сол пеш дар шаҳри Чернобили кишвари Украина ба вуқӯъ омадааст. Фаридун Ҳакимов, раҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Чернобил» дар Тоҷикистон мегӯяд, барои бартараф кардани оқибатҳои ин садамаи даҳшатбор беш аз 800 ҳазор мардони Шӯравӣ сафарбар шудаанд. Дар миёни онҳо 4.500 ҷавонмарди тоҷик ҳам барои кӯмак ба мардуми Украина шитофта будаанд. Тавре оқои Ҳакимов мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон 1.300 кӯдаки маълули фарзандони иштирокчиёни садамаи Чернобил зиндагӣ мекунанд:

Фаридун Ҳакимов: «Афсӯс, ки панҷ насли ояндаи иштирокчиёни воқеаи Чернобил дарди Чернобилро мекашанд. Албатта, сад фисад не, як қисмати онҳо. Худатон медонед, таркише, ки дар Чернобил шуд, сесад маротиба таъсири бештар аз бомбаи Хиросима буд».

Худойназар Шерматов, ки дар бартараф кардани оқибати садамаи Чернобил ширкат кардааст, мегӯяд, пас аз ин ҳодиса ду фарзанди ӯ маслуқ ба дунё омадаанд. Онҳо гирифтори бемориҳои асаб мебошанд. Тайи ин муддат ӯ натавонистааст, фарзандони худро табобат кунад. Агарчӣ ба гуфтаи раҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Чернобил», ҳукумати ҷумҳурӣ барои ширкаткардаҳои ин садама имтиёзи муайяне, аз ҷумла хидмати ройгони тиббӣ ва дорувориҳои бепул барои табобати фарзандонашонро додааст, аммо оқои Шерматов гуфт, ӯ пурра аз чунин имтиёз истифода карда наметавонад ва як нафақаи ӯ барои аҳли оилааш кофӣ нест:

Худойназар Шерматов: «Ду - се моҳ пас бемор мешавам. Хунам вайрон аст ва дандонҳоям сунъиянд. Охир, як шаб омаданду гирифта рафтанд. Ҳамон тараф рафта омадему хун партофтем ва доимо касал мегардем. Пеш аз ин гӯштин гирифта мегаштам. Сиҳат будам. Ҳоло, ки ёрӣ нест, вазъият вазнин аст. Ман раиси чернобилчиёни ноҳияи Темурмаликам. То худам рафта маҷбур накунам, аз дигарон ҳатто барои дору пул мегиранд».

Рустам Турсунов, сардабири ҳафтаномаи тиббии «Авитсена» дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил натиҷаи марговари худро барои иштирокчиёнаш акнун зоҳир мекунад. Ба эътимоди ӯ, фарзандони иштирокчиёни ин садама бар иловаи он ки маълул ба дунё меоянд, боз гирифтори бемориҳои асаб, вайроншавии таркиби хун ва дигар узвҳои бадан мешудаанд.

Рустам Турсунов: «Пеш аз ҳама радиатсия новобаста ба синну соли одамон таъсири марговари худро мерасонад. Ин садама боз як бори дигар инсониятро ҳушдор медиҳад, ки умуман заҳролудшавии ҳаставӣ боис ба марги ҳазорон нафар мешаванд ва дигар наслҳои ояндаро мубталои бемориҳои дигар мекунанд».

Чернобилчиёни тоҷик мехоҳанд, ки Порлумони кишвар қонун дар бораи бартарафкунандагони садамаи Чернобилро қабул кунад, то барои онҳову наслҳои минбаъдаи зарардида аз таркиши атомӣ кӯмаки доимӣ расонида шавад.
XS
SM
MD
LG