Ироқи наве дар ҳоли ташшаккул аст, афзуд ӯ, ки дар он ваҳдат бар ҷиноҳбандӣ бояд боло бигирад. Нурӣ ал-Моликӣ аз ҳамсоягони худ бори дигар бахшудани вомҳои хориҷии Ироқро дархост кард ва гуфт, ҳоло даромади кишвараш дар сатҳи поин аст, ҳарчанд вомҳои хориҷии Ироқ 80 милёрд дулорро ташкил медиҳад.
Суханронии оқои Моликӣ дар маҷмаъи Кувайт бештар ба дархосте шабоҳат дошт, ки ба кишварҳои суннимазҳаби арабӣ, чун Арабистони саъудӣ ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс иртибот дошт. Ҳоло ин кишварҳо дар Бағдод, пойтахти Ироқ, сафир надоранд ва ҳамкориҳои дипломатии онҳо дар сатҳи сафоратҳо анҷом намегирад.
Дар ҳамин ҳол, Кувайт иддаъо кардааст, ки баъди дар соли 1990 таҷовузи Саддом ба Кувайт ҳоло мехоҳад барои бори нахуст сафорати худ дар Бағдодро боз кунад. Дар ин мулоқот хонум
Кондолизза Райс, вазири хориҷаи Амрико, низ ширкат дошт. Ӯ ҳам ҳамин масъаларо дирӯз дар Баҳрайн бо мақомоти расмии кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс матраҳ карда буд. К. Райс, аз ҷумла, изҳор намуд: "Ман мехоҳам танҳо илова кунам, ки шуморе аз кишварҳо дар мулоқот дар ин бора суҳбат карданд, ки мехоҳанд дар Ироқ намояндагии доимии худро дошта бошанд ва барои он бояд корҳое анҷом гирад. Вазири хориҷаи Ироқ ҷаноби Зеборӣ дархости ин кишварҳоро дар бораи оғози ин раванд пазируфт".
Аз сӯи дигар, хонум Райс ба кишварҳои суннимазҳаб дар бораи боз кардани сафоратхонаҳояшон ҳеҷ гуна таъаҳҳуди амниятӣ насупурд ва дар бораи бахшудани вомҳо низ чизе нагуфт.
Хабаргузории «Франс-пресс» аз қавли як мақоми расмии Амрико, ки дар ин сафар вазири хориҷаи Амрикоро ҳамроҳӣ мекард, навиштааст, ки ҳамсоягони арабизабони Ироқ ҳамчунон ба ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ шакк доранд ва бар инанд, ки ӯ дастнишондаи Амрикост.
Кишварҳои суннимазҳаби арабӣ барои чунин бархӯрди худ бо Ироқ чанд сабаб доранд. Яке ин, ки мумкин аст баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ Ироқ тақсим шавад. Дувум ин, ки дар Ироқ шиъаҳо зиёданд ва Эрони шиъа дар ҳоли эъмоли нуфузи бештар бар Бағдод аст. Ва сабаби ниҳое, ки кишварҳои арабӣ матраҳ мекунанд, ин аст, ки ҳукумати шиъаи Эрон дар минтақа нуфузи худро афзоиш медиҳад ва дар шароити кунунӣ Ироқ барои онҳо навъе тамрин арзёбӣ мешавад.