Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тасмими Қазоқистон оид ба ғалла


Рӯзи сешанбе ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки то аввали сентябри соли ҷорӣ фурӯши гандумро манъ кунад. Он вокуниши кишварҳои ҳамсояашро ба бор овард.

Дар изҳороти дафтари нахуствазири Қазоқистон гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин тасмим таъмини амнияти ғазоӣ дар ин кишвар будааст. Қазоқистон бузургтарин кишвари тавлидкунандаи гандум дар Осиёи Марказист ва ҳар сол ба Тоҷикистон 216 ҳазор тон ва ба Қирғизистон 214 ҳазор тон , ба Узбакистон 117 ҳазор тон гандум содир мекунад. Содироти гандуми Қазоқистон ба Озарбойҷон соле ба 360 ҳазор тон мерасад.
Соли гузашта Қазоқистон 20 милён тон ба даст овард, вале нархи хурокӣ боло рафт ва таварруми пул ба 19 дарсад расид.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои воридкунандаи гандуми Қазоқистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон аслан кишвари кишоварзист ва мекӯшад эҳтиёҷоташро бо гандуми худӣ бароварда созад, вале то ҳол чунин кор ба он муяссар нашудааст. Тоҷикистон соле ба бештар аз як милёну 200 ҳазор тон гандум ниёз дорад, ки тақрибан нисфи онро аз хориҷ ворид мекунад.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон кишварҳои дигари воридкунандаи гандуми Қазоқистон низ ба ин тасмим вокуниш нишон додаанд. Чун Қазоқистон бо 20 милён тон тавлидоти солонаи гандуми худ панҷумин кишвари содиркунандаи гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад, баъд аз ин эълон нархи гандум дар ҷаҳон боло рафтааст. Сабаб ин аст, ки Қазоқистон бештар аз нисфи ин 20 милён тон гандуми худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза мекунад. Масалан, Русия, ки худ содиркунандаи гандум низ ба шумор меравад, соле аз Қазоқистон 1 милёну 400 ҳазор тон гандум мегирад.
Бо вуҷуди ин ки Туркманистон камтар аз кишварҳои дигари минтақа, яъне танҳо 2 ҳазору 400 тон аз Қазоқистон гандум мегирад, вале Атагелдӣ Гараев, як таҳлилгари сисёсии ин кишвар, гуфтааст, ки тасмими Қазоқистон дар бораи манъи муваққатии фурӯши гандум дар Туркманистон низ асар мегузорад.
Аммо вокуниши мақомоти расмии вазорати кишварзии Озарбойҷон аз вокуниши Туркманистон ба ин тасмими Қазоқистон фарқ дорад. Собир Валиев, як мақоми расмии ин вазорат, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир онҳо дар анборҳои худ захираҳои кофии гандум доранд ва кишвараш дар ин марҳила ба гандуми Қазоқистон ниёз надорад.
Ба ҳар ҳол, Озарбойҷон дорои захираҳои ғании нафт аст ва барои хиридории гандум ташвише нахоҳад дошт. Вале аз Узбакистон вокунишҳо чӣ гуна аст? Фарҳод Толибов,таҳлилгари сиёсӣ дар Узбакистон дар бораи ин амали кишвари ҳамсоя мегӯяд: "Албатта, асари манфӣ хоҳад гузошт, чунки ғалладона дар ҳаҷми зиёд ба кишвар ворид нахоҳад шуд ва ин боъиси эҷоди мушкилӣ дар иқтисоди кишвар мешавад ва дар бозорҳо камбуди маҳсулот эҳсос хоҳад шуд ".
Дар ҳамин ҳол Амонгелдӣ Абдураҳмонов, мудири раёсати умури бозории вазорати кишоварзии Қирғизистон, аз номи кишвараш чунин мегуяд: "Дар кишвари мо меъёри саронаи гандум ба ҳар кас дар сол 205 килограмм аст ва он дар маҷмӯъ 1 милёну 60 000 тонро ташкил медиҳад. Худи Қирғизистон 800 000 тон тавлид мекунад ва то 300 000 тонна гандумро аз хориҷ ворид мекунад".
Ӯ афзуд, киҳоло музокирот бо Қазоқистон идома дорад ва захира аз соли гузашта кам мондааст.
XS
SM
MD
LG