Дарозии ин лула 530 километрро ташкил мекунад ва аз Туркманистон аввал ба Узбакистон мегузарад ва сипас аз марзи Қазоқистон вориди қисмати шарқии Чин мешавад.
Ин лула тавоноии интиқоли 30 милён метри муккаъъаб гозро дорад. Ширкати "Узбекнефтегаз"-и Узбакистон эълом кардааст, ки эҳдоси ин лула то моҳи январи соли 2010 ба поён мерасад. Дар ҳамин ҳол коршиносон суъол медиҳанд, ки бо назардошти чунин масофа ва шароити ҷуғрофиёии маҳал то чи андоза ин иддаъои Узбакистон ба воқеъият дуруст меояд? Чарлз Иззер-коршиноси Гуруҳи Байналмиллалии Буҳронҳо дар умури энержӣ дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар бораи воқеъияти ин муҳлат ҳоло чизе гуфтан мушкил аст. Вале, бо назардошти онки Чин ба таври воқеъӣ на танҳо дар эҳдоси лула, балки дар чоҳҳои нафти Туркманистон сармоягузорӣ мекунад, ва Узбакистону Қазоқистон низ барои тронзити ин лула розӣ ҳастанд (агар дар назар гирифта шавад, ки онҳо бо Чин қарордод ҳам доранд), дар он сурат ин муҳлат мумкин аст воқеъият дошта бошад".
Оқои Иззер афзуд, ки дар бораи масири дақиқи лулаи гози "Азия Транс Газ" 28-уми апрел тасмим гирифта мешавад, зеро ризояти ҳамаи тарафҳои зидахл то ҳол ба даст омадааст. Аз ҷумла, қабл аз қарордод бо Узбакистон Чин бо "Казмунайгаз"-и Қазоқистон низ мувофиқатномае ба имзо расонда буд. Бо вуҷуди ин ки лулаи гози Туркманистон – Чин аз қаламрави Узбакистону Қазоқистон мегузарад, вале тибқи пешбиниҳо аз он танҳо гози Туркманистон ба Чин интиқол хоҳад ёфт. Ҷониби дигари масъала ин аст, ки то ҳол кишварҳои Осиёи марказӣ бозори фурӯши гози худро дар кишварҳои аврупоӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Акнун чунин ба назар мерасад, ки онҳо на танҳо ба Ғарб, балки ба Шарқ низ рӯ овардаанд ва Чинро ба унвони бозори фурӯши гози худ истисно намедонанд».
Дар ҳамин ҳол, Брус Панир, таҳлилгари радиои «Озодӣ» дар умури Осиёи марказӣ, мегӯяд: "Ҳоло дар ин минтақа як бозии ҷолиби геополитикӣ идома дорад. Дар гузашта кишварҳои Осиёи марказӣ дар Ғарб харидор ҷустуҷӯ мекарданд. Вале феълан тиҷорат бо Чин барои онҳо шояд беҳтар аст, чунки Чин танҳо пули гозу нафтро пардохт мекунаду мисли Ғарб дар бораи ҳуқуқи инсон шартҳо пеш намегузорад ".
Ба қавли Брус Панир, касе захоири воқеъии гози Туркманистонро намедонад. Ин кишвар ба қавле бо чаҳор тараф бо Ғарбу Шарқ ва Шимолу Ҷануб дар бораи фурӯши гози худ қарордодҳо имзо мекунад. Масалан, ду ҳафта пеш ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо дар ин бораи судури гози худ ба онҷоро ба тавофуқ расонид. Туркманистон бо Русия низ қарордодҳо дорад ва ҳамеша дар бораи эҳдоси лулаи гози Туркманистон – Афғонистон – Покистон суҳбат мекунад. Ва акнун Чин ҳам вориди ин бозор шудааст ва акнун Ашқобод дигар дар фикри ба даст овардани сарвати ҳарчи бештар аз захоири энержии худ шудааст.