Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонаҳои моро хароб накунед!" (Видео)


Ҳудуди 40 сокини маҳаллаи маъруф ба Сементзаводи пойтахт бо шумули занону хурдсолон барои дарёфти посухи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди манзилҳояшон, ки интизор меравад, тахриб шаванд, дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия ҷамъ омаданд. Гирдиҳамомадагон аз ҳукумати ноҳия хостори қонунӣ арзёбӣ кардани хонаҳояшон шуданд.

Мирзомурод Абдураҳимов, як тан аз гирдиҳамомадагон мегуяд, дар ҳоле онҳо бо иҷозаи ҳукумат дар солҳои гуногун шуруъ аз соли 1991 ба ин су дар қисмати кӯҳдомани ин маҳалла манзили зист бунёд кардаанд, масъулин акнун ду сол аст, манзилҳои онҳоро ғайриқонунӣ эълом намуда, мехоҳанд, хонаҳои онҳоро тахриб кунанд.

Ҷамъомадагон мегуфтанд, ки мувофиқ ба қонуни авфи молу мулк, ки раисҷумҳур Раҳмон онро соле қабл ба тасвиб расонидааст, агар хонаҳои онҳо ғайриконунӣ мебуд, ҳам бояд мавриди авф қарор мегирифт. Аммо, мегуянд онҳо, ҳукумати ноҳия қонуни авфро низ дар нисбати манзилҳои эшон нодида гирифтааст.


Даврон Гадоев, як тан аз ҷамъомадагон мегуяд, сокинони маҳалла чанд бор ба дастгоҳи раисҷумҳур нома навишта, хостори расидагии ҳукумати ҷумҳур ба мушкилашон шудаанд, вале то кунун ба номаҳои онҳо посух наомдааст.

Ҷамолидин Сироҷов як тан аз гирдиҳамомадагон мегуяд, масъулин бе ҳеҷ далел манзили зисти ӯро тахриб кардаанд ва акнун ӯ ду сол аст, бо зану фарзандон ва модари пираш дар иҷоранишинӣ мекунад. Ӯ мегуяд, ҷиҳати адолатро барқарор намудан ба додгоҳу додситонӣ муроҷиат кардааст, вале касе ба доди ӯ нарасидаааст. Вай мегуяд, акнун ӯ имкони барқарор кардани манзилашро надорад.

Гулистон Темурова, як тан аз ҷамъомадагон мегӯяд, ҳукумати шаҳри Душанбе сокинони ин маҳалларо ду сол аст, ки аз оби нушокӣ ва неруи барқ маҳрум кардааст ва онҳо дар пойтахти Тоҷикистон на зимистон неруи барқ доранду на тобистон.

Гулчеҳра Шамсова, як тан аз ҷамъомадагон гуфт, чанд руз пеш ба нишони эътироз аз ноадолатиҳои масъулин дар назди Кохи раисҷумҳур бо ҳаммаҳаллаҳояш ҷамъ омадаанд, ки тазоҳурот кунанд, вале неруҳои пулис онҳоро пароканда кардаанд.

Ҳукумати нохияи Исмоили Сомонӣ хостаҳои афроди норозиро рад намуд. Ҷамъомадагон қарор доданд, ояндаи наздик дар назди Кохи раисҷумҳур ҷамъ омада, аз раисҷумҳури кишвар хостори қонунӣ эълом кардани хонаҳояшон ва тахриб накардани онҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG