Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатл – барои занги телефонӣ


Дар ҳоле, ки гузориши солона дар бораи муҷозоти эъдом ё ҳукми қатл дар соли 2007 ба нашр расидааст, муаллифи ин гузориш, яъне Амнести Интернешнл ё Авфи байналмилал аз ҳукуматҳо хостааст, ки парда аз руи қатлҳои пинҳонӣ бардоранд.

Тибқи ин гузориш, соли гузашта дар 51 кишвар ба 3 ҳазору 347 нафар ҳукми эъдом додаанд ва дастикам 1252 нафар дар 24 кишвар бо ин ҳукми қатл кушта шудаанд.

Дар гузориши Амнести Интернешнл омадааст, бештари ин қатлҳо дар кишварҳое аз қабили Чину Муғулистон ва Вйетном пинҳонӣ иҷро шудааст. Аммо дар кишварҳое мисли Чину Эрон, Арабистони Саъудиву Покистон шумораи муҷозоти эъдом нисбат ба солҳои пеш хеле афзоиш ёфтааст. Масалан, соли гузашта муҷозоти эъдом ва иҷрои он дар Эрон ба 317 нафар расид, дар ҳоле, ки соли 2006 - 177 нафарро ташкил мекард.

Дар як гуфтугуи телефонӣ бо мо Абдулкарими Лоҳиҷӣ, раиси ҷомеъаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон, ки дар Пориси Фаронса ба сар мебарад, гуфт, бо назардошти таносуби шумораи аҳолӣ дар Чин ва Эрон, Ҷумҳурии исломӣ дар радифи аввал ин феҳрист қарор мегирад.

Дар гузориши Амнести Интернешнл гуфта мешавад, ки баъзе норасоиҳо дар ҳамаи кишварҳо ҷурми сангин дониста намешавад. Масалан, моҳи июли соли 2007 Ҷаъфари Каёнӣ, падари ду фарзанд дар Эрон барои зино сангсор шуд. Ё моҳи октябр як шаҳрванди 75-солаи Кореяи Шимолӣ, раиси як корхона барои ба кор гирифтани аъзои оилааш дар корхона, гузоштани сармояи худ дар он ва барои истифода аз хатҳои телефони байналмилалӣ маҳкум ба қатл шуд ва ӯро тирборон карданд.

Тибқи гузориши Амнести Интернешнл, дар миёни кишварҳои Осиёи марказии Шуравии пешин, аз ҷумла дар Тоҷикистон, соли гузашта касе маҳкум ба эъдом нашудааст. Дар ин кишварҳо муҷозоти эъдом лағв шудааст ва ё ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Соли гузашта дар Маҷмаъи умуми СММ 104 кишвар ба ҷонибдорӣ аз лағви муҷозоти эъдом рай доданд. 54 кишвар хостори боқӣ мондани ин муҷозот шуданд, вале 29 кишвар аз додани райъ худдорӣ карданд. СММ аз ҳамаи кишварҳо хост, ки аз иҷрои муҷозоти эъдом даст бардоранд ва дар ин бора қатъномае низ ба тасвиб расид.

XS
SM
MD
LG