Азми сафар
Дар ин шабонарӯзҳо дар Тоҷикистон дар аксари деҳот ва дар аксари хонаводаҳо муҳоҷирати корӣ ва дарёфти билети ҳавопаймо ё қатори роҳи оҳан ба Русия ба мавзуи муҳим табдил ёфтааст. Муҳоҷирати мавсимии мардикорон идома дорад ва он дар Тоҷикистон навъе маъракаи ғайрирасмӣ, вале ҳатмӣ дониста мешавад. Баъзе хонаводаҳо барои фиристодани мардикори худ он қадр ташвиш доранд, ки гӯиё маъракаи муҳиммеро дар хонаводаашон анҷом медиҳанд. Ин маъракаи муҳим дарёфти маблағи зарурӣ ва хариди билети ҳавопаймо ё қатор ба Руссия аст. Дар гузориши ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ аз ноҳияи Рашт як муҳоҷири мавсимии корӣ мегуяд, ки имсол ба сабаби наёфтани маблағи зарурӣ барои харидории билет аз ҷои кори худ дар Русия маҳрум шудааст.
Мушкили мардикорони зарафшонӣ
Муҳоҷирони мавсимии корӣ дар водии Зарафшон низ ба сабаби боло рафтани нархи билети ҳавопаймо ба мушкил гирифторанд ва дар мавсими соли ҷорӣ сафари баъзе аз онҳо ба таъхир афтодааст. Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар Панҷакент мегӯяд, баъзеҳо маҷбур шудаанд ва дигарон ва аз бонкҳо қарз гирианд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон
Аз оғози муҳоҷирати кории соли ҷорӣ чунин ба назар мерасад, ки имсол шумораи камтари тоҷикон дар ҷустуҷӯи кор ба Қазоқистон мераванд. Муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон аслан дар бозорҳо ба тиҷорат ё ба хурдафурушӣ машғуланд. Шуморе дигар ҳам дар сохтмонҳо кор мекунанд. Ба сабаби даромади кам дар бозор ҳамаи онҳо наметавонанд ҳақи кирояи бозорро пардохт кунанд ва ё аз манобеъи зидахли Қазоқистон барои тиҷорат муҷаввиз бигиранд. Даромади баъзе аз онҳо махориҷашонро пушонда наметавонад. Бидуни доштани муҷаввиз тиҷорати онҳо дар бозорҳо ғайриқонунӣ дониста мешавад. Гузашта аз ин, соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ камтар шудааст ва кирояи хона дар Қазоқистон боло рафтааст. Ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ дар гузорише аз Алматӣ мегуяд, ҳатто ононе, ки солҳои пеш дар ҷустуҷуи кор ба Қазоқистон омада буданд, ҳоло омодаи сафар ба Русия шудаанд.
Масоъили муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав
Дар Маскав ҷустуҷӯ ва ихроҷи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ тақвият ёфтааст. Бад-ин манзур пулис назорат бар хонаҳои иҷораро шадидтар кардааст. Минбаъд барои иҷора додани хона ба муҳоҷири ғайриқонунӣ ба соҳиби хона низ аз 2000 то 5000 рубли русӣ ҷарима мебанданд ва муҳоҷири ғайриқонунӣ ихроҷ мешавад. То чи андоза ин дастур риъоят мешавад ва кӣ метавонад замонат диҳад, ки ин дастур як василаи дигари ситонидани ришва нахоҳад шуд?
Русия – каъбаи мардикорони кишварҳои пасошӯравӣ?
Тибқи натоиҷи як таҳқиқот, ки ахиран Бонки ҷаҳонӣ ба нашр расонд, Русия аз лиҳози қабули муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон соли гузашта ба мақоми дувум баромадааст. Мақоми аввалро то ҳол Амрико ишғол мекунад. Вале қонунҳои муҳоҷирати Русия ва Амрико аз ҳам фарқ доранд. Дар Амрико кордиҳанда бо ҳар муҳоҷири корӣ қарордод имзо мекунад ва муҳоҷири корӣ аз имтиёзҳои мавҷуда бархурдор мешавад. Муҳоҷир низ тибқи қонун молиёт пардохт мекунад. Вале дар Русия чунин нест. Кордиҳандаҳо пинҳонӣ муҳоҷиронро ба кор мегиранд ва ба онҳо музди ночиз медиҳанд. Гоҳо онҳоро мисли ғулом кор мефармоянд. Дар барномаҳои «Садои ҳамватан» даҳҳо муҳоҷирин дар ин бора худашон суҳбат кардаанд. Ҳамкори мо Расули Шодон дар Маскав бо истинод ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳар сол Русия 12 милён нафар муҳоҷири корӣ қабул мекунад.