Бино ба маълумоти Сандуқи байналмилалии пул, мизони хисороти ворида аз буҳрони воми маскан ё қарзи хариду фуруши хона 945 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба ҳар сокини сайёра 140 доллар баробар меояд. Барои нахустин бор, Сандуқи байналмилалии пул ба таври расмӣ мизони буҳронро мунташир сохтааст. Ин буҳрон ҳашт моҳи пеш дар Амрико бо гирифтани вомҳо дар бозори хариду фуруши хона шуруъ шуд. Ҷейме Карона, мудири бахши ин бозор дар Сандуқи байналмилалии пул дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон асрори ин вазъро боз кард:
"Руиҳамрафта, мизони хатар ба суботи молӣ аз замони нашри гузориши сартосарӣ дар бораи суботи молӣ дар моҳи октябри соли 2007 ҳоло босуръат боло рафтааст".
Дар Амрико Сандуқи байналмилалии пул мегуяд, буҳрони кунунӣ захираҳои аслии муассисаҳои бузурги молии ҷаҳониро маҳдуд кардааст. Ширкати федеролии бимаи саҳмияҳо дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ ҳушдоре ба табъ расонд. Ин ширкат гуфтааст, агар захираи молии бузургтарин бонкҳои Амрико, аз ҷумла, СитиГрупп ва Бонки Амрико тадриҷан коҳиш ёбад, дар он сурат онҳо дар оянда ба таназзул дучор хоҳнд шуд. Дар сурати расидан ба чунин вазъ ин бонкҳои бузург додани вомро билофосила маҳдуд мекунанд ва чунин маҳдудият дар рушди тиҷорат мушкилӣ пеш меорад. Зимнан, бекорӣ низ афзоиш меёбад.
Ҷейме Карона аз Сандуқи байналмилалии пул мегуяд, буҳрон дар Амрико идома дорад ва он метавонад бештар доман паҳн кунад. Нархи амлок дар бозорҳои амлоки хориҷ аз Амрико низ ба поинравӣ шуруъ кардааст ва ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки буҳрони Амрико мумкин аст дар кишварҳои дигар низ густариш ёбад. Ба ин гуруҳ, кишварҳои Каронаи Болтик ва Болкон шомиланд. Масалан, дар Латвия дар натиҷаи додани қарзҳои бонкӣ барои харидории манзил дар давоми панҷ соли ахир нархи хона даҳ баробар афзоиш ёфт. Вале акнун хатари расидани буҳрони Амрико ба ин кишвар аз эҳтимол дур нест. Дар Рига бо пули қарз биноҳои бузургро харидаанд, то аз ин амалиёт даромади зиёд ба даст оранд. Вале ҳоло нархҳо поин меравад ва маълум нест, ки ба чӣ ҳадде хоҳад расид ва вазъи бонкҳо чӣ хоҳад шуд.
Бо назардошти чунин буҳрони пешомада Сандуқи байналмилалии пул дурнамои рушди сартосарии худро барои соли ҷорӣ 0, 5 дарсад поин бурда, ба 3,7 дарсад расондааст. Аммо пешгуӣ мекунанд, ки ба эҳтимоли хеле кам мизони рушд дар солҳои 2008-2009 мумкин аст се дарсадро ташкил диҳад.