Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи кормандони «Эсхата» ба додгоҳ баргашт


Бозбинии парвандаи 10 корманд ва мизоҷи бонки «Эсхата» - и шаҳри Хуҷанд дар додгоҳи вилояти Суғд аз сар гирифта шуд.

Алайҳи ин афрод, ки 6 тани онҳо корманди собиқ ва 4 нафар мизоҷи бонки мазкур аз ҷумлаи собиқ масъулини се ширкати кишоварзии Суғд мебошанд, умдатан, барои дуздии ба миқдори махсусан калон, тасарруфи амволи ғайр, таҳияи асноди сохта ва суиистифода аз ваколатҳои хидматӣ мутобиқи Асноди ҷиноии Тоҷикистон айб пешниҳод шудааст.

Бозбинии аввал мегӯяд, ин афрод дар ҳамдастӣ 260 ҳазор доллар маблағи давлатиро аз худ кардаанд. Аммо тафтишоти аввалия он маблағро ба маротиб зиёд ҳисобидааст. Ба гуфтаи Ҳотам Назаров, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд, ки бозбинии дуюми ин парвандаро пеш мебарад, шаш корманди бонки «Эсхата» ва чаҳор нафар аз масъулини се ширкати кишоварзии Суғд маблағҳои зиёдро ҳангоми бозгардони маблағ аз арзиши изофа аз худ кардаанд. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, аз рӯи қонуни андози Тоҷикистон маҳсулоти содиротии ин кишвар аз пардохти андози арзиши изофа озод аст. Аммо дар сурати аз ҷониби содиркунандаи амвол пардохт шудани ин навъи андоз, баъдан маблағи он аз ҷониби давлат ба вай бозгардонида мешавад. Ҳотам Назаров гуфт, бо истифода аз ин усул шаш корманди бонки «Эсхата» ва чаҳор корманди се ширкати кишоварзии Суғд дар тайи солҳои 2005 – 2006 бо таҳияи асноди қалбакӣ гӯё барои ҷуброни андоз аз арзиши изофа маблағҳои бузургеро аз худ кардаанд.

Аммо ин иттиҳомро вакилони дифоъи муттаҳамин рад мекунанд ва аъмоли нафарони зерҳимояи худро иштибоҳи корӣ мехонанд. Уктам Султонов, яке аз вакилони дифоъ мегӯяд, ба ин иттиҳом, ки нафарони зерҳимояаш ба дуздии амволи давлатӣ даст задаанд, розӣ нест ва бар он аст, ки додгоҳ дар доираи қонун ва бо назардошти тамоми ҳолатҳои аъмол нисбати зерҳимоягонаш ҳукми одилона содир хоҳад кард.

Зимнан, дар мурофиаи аввал ҳафт вакили дифоъро муяссар шуда буд, ки гурӯҳи зерҳимояи худро аз зери иттиҳомоти дуздии махсусан калон ва тасарруфи амволи ғайр берун оранд. Дар моҳи октябри соли 2006 додгоҳи Суғд бозбинии парвандаи қазиаи бонки «Эсхата» - ро анҷом дода, аъзои гурӯҳро, ки он замон иборат аз 15 нафар, 8 корманди бонк ва 6 масъули ширкатҳои кишоварзии мазкурро ба 2 – 3 соли зиндон маҳкум ва ҳамзамон бо татбиқи қонуни авф аз толори мурофиа озод намуда буд.

Аммо, ҳамакнун, аз рӯи таъиноти Додгоҳи олии Тоҷикистон он ҳукми пешина ва татбиқи қонуни авф танҳо нисбати ду зани корманди собиқи бонки «Эсхата» ва ду корманди ширкати кишоварзӣ собит мондааст. Ҳамчунин, бозбинии парванда нисбати як кормандзани яке аз ширкатҳои кишоварзӣ ба сабаби вафоташ қатъ шудааст.

Бонки «Эсхата» аз нахустин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, ки дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд идораи марказиашро таъсис ва ба думболи он бахшҳояшро дар манотиқи дигари Тоҷикистон боз кардааст.

XS
SM
MD
LG