Муҳйиддин Панҷшанбиев. Мудири бахши фарҳанги ҳукумати вилоят, дар суҳбат бо родиюи «Озодӣ» гуфт, ки ба иллати камии маъош ва шароити номусоъид дар муассисаҳои фарҳангӣ аксари ҳунармандони касбӣ рӯ ба тиҷорат ва тӯйхонаҳо овардаанд. Ягона театри вилоят, зикр намуд ӯ, феълан ягон бастакор, навозанда ва раққосаи касбӣ надорад. Ин масъули идораи фарҳанг бар чунин бовар аст, ки бо дастгирии моддии бунёди мазкур мешавад ҳунармандони аз саҳнаи касбӣ рафтаро ба муассисоти фарҳангӣ баргардонид ва ҳам дастаҳои нави ҳунариро таъсис дод. Ӯ гуфт: «Ин маблағ, аз ҷумла, барои дастгирии моддиву маънавии кормандони касбии соҳа ва истеъдодҳои навин сарф хоҳад шуд».
Дар ҳамин ҳол, коршиноси маҳаллии умури фарҳанг Амони Мардон зимни дастгирии ин тасмими ҳукумат, таъкид намуд, ки дар гузашта низ чунин созмонҳо таъсис ёфта буданд, вале масъулин ба ҷуз шиъорпартоӣ кореро анҷом надоданд: «Фикр мекунам, як механизми муассири дар амал тадбиқ намудани ин тасмим зарур аст».