Идомаи ҷанг дар Афғонистон, нигарониҳо аз Эрону Русия ва масоили энержӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сабабҳои аслии ширкати Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов -президентони Узбакистону Туркманистон дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви НАТО арзёбӣ мешавад.
Ин мулоқот ҳафтаи оянда 2-3-юми апрел дар Бухарест - пойтахти Руминия баргузор мешавад. Ширкати онҳо дар мулоқоти раҳбарони НАТО аз ахирин нишонаҳоест, ки онҳо аз иртиботи худ бо Ғарб дарак медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки НАТО барои таъмини суботи вазъ дар Афғонистон талош мекунад. Афғонистон ҳам бо Узбакистон ва ҳам бо Туркманистон ҳаммарз аст.
Барои Ислом Каримов ширкат дар мулоқоти Бухарест аз он лиҳоз низ аҳамият дорад, ки вай дар се соли ахир, яъне баъд аз руйдодҳои хунини Андиҷон аз боздиди Аврупо маҳрум шуда буд. Гузашта аз ин, интизор меравад, ки баъд аз мулоқоти Бухарест Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои худ бар зидди Узбакистонро то поёни моҳи апрел лағв кунад. Ин таҳримҳо соли 2005 баъд аз кушторҳои Андиҷон ҷорӣ шуда буд.
Надежда Атоева - раиси Анҷумани ҳуқуқи башар барои Осиёи Марказӣ, ки мақарраш дар Порис аст, мегуяд, зоҳиран Каримов мехоҳад баъд аз мулоқоти Бухарест худаш бар зидди ҷараён қадам пеш гузорад:
"Мо ба таври возеҳ стондордҳои дугонаро мушоҳида мекунем. Ғаризаи сиёсии Каримов чунин натиҷа медиҳад: Ғарб Каримовро эътироф мекунад ва бо вай фаъолона машғули музокира мешавад, зеро Ғарб аз рафтори Толибон нигарон аст. Аз вазъи Афғонистон Каримов низ метавонад баҳра барад ва ҳокимияташро дар дохили кишвараш таҳким бахшад".
Чаҳор соли пеш, яъне соли 2004 Каримов дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар Проги ҷумҳурии Чех ширкат карда буд, дар ҳоле, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон бори аввал дар чунин мулоқот ширкат хоҳад кард. Баъд аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико аз барномаҳои ин кишвар барои мубориза бо терроризм ва суқути режими Толибон дар Афғонистон ҳам Ишқобод ва ҳам Тошканд ҷонибдорӣ карданд. Узбакистон пойгоҳи низомии Хонободи худ дар Қаршӣ, яъне наздик ба марзи Афғонистонро дар ихтиёри нируҳои Амрико гузошт, вале вақте, ки Вошингтон расидагии мустақили байналмилалӣ ба руйдодҳои хунини Андиҷонро тақозо кард, Каримов нируҳои Амрикоро аз Узбакистон берун ронд. Аммо ба нируҳои Олмон иҷоза дод, ки онҳо ҳамчунон дар пойгоҳи дигар дар Термез ҳузури худро идома диҳанд.
Бо вуҷуди ин, ахиран музокирот барои дубора боз кардани пойгоҳи Хонобод аз сар гирифта шуд. Роберт Саймонз-фиристодаи НАТО барои Русия 5-уми март дар Маскав гуфт, имкони бозгашти нируҳои Амрико ба Хонобод вуҷуд дорад.
Камолиддин Рабимов - таҳлилгари мустақили узбек мегуяд, вазъи кунунии Афғонистон чунин заминаро фароҳам овардааст:
"Муноқишаи Афғонистон ба мушкили густарда ва доимӣ табдил ёфтааст. Ғарб аз ин вазъи Афғонистон хеле нигарон аст. Роҳҳои мунтаҳӣ ба Афғонистон аз чанд самт мавҷуд аст: аз Ирон, Покистон ва албатта, аз Тошканд. Барои бозсозии Афғонистон ва расондани кумакҳои икмолотӣ беҳтарин роҳ аз Узбакистон мегузарад."
Дар Туркманистон низ пойгоҳҳои низомии дарваи Шуравӣ холист ва ҳоло барои ишғоли ин пойгоҳҳо байни Маскав ва Вошингтон рақобат идома дорад. Ин пойгоҳҳо ҳам ба Афғонистон ва ҳам бо Эрон наздиканд.