Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи Хорбор ба Тоҷикистон ҳам кумак мекунад


Ахиран Барномаи Ҷаҳонии Хорбор аз кишварҳои кумаккунанда 500 милюн дуллор ёрӣ дархост кардааст, то 73 милюн мардуми ҷаҳон ба гуруснагӣ рӯбарӯ нашаванд.

Ин 73 милюн нафар дар 70 кишвар ба сар мебаранд, ки 15 адади он ба хатари бештаре рӯбарӯ ҳастанд ва Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Бино ба гузориши ахири Барномаи Ҷаҳонии Хорбор дар давоми 9 моҳи гузашта нархи маводди ғазоӣ дар маҷмӯъ 55 дарсад боло рафтааст. Бо назардошти камбуди ғазо ва афзоиши нархи он СММ 2,9 милёрд дуллор пешбинӣ карда буд. Вале танҳо дар се ҳафтаи ахир нархҳо 20 дарсад боло рафтаанд ва чунин афзоиши бесобиқаи нарх сармоягузориҳои таъҷилӣ ва изофиро тақозо мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мизони чунин сармоягузориҳои изофӣ ба 700 милюн дуллор наздик аст, ҳарчанд дархости кунунӣ танҳо танҳо 500 милюн дуллорро ташкил медиҳад.
Дар гузориши Барномаи Ҷаҳонии Хорбор омадааст, нархҳо тақрибан ҳар рӯз тағйир меёбанд ва, агар дар гузашта ин созмон ҳар сол ё дар ҳар ду сол як дафъа маблағҳои кумакро танзим мекард, ҳоло ҳар ҳафта зарурати тағйирот пеш оадааст. Масалан, ҳафтаи гузашта нархи биринҷ якбора боло рафт ва он ба нархи орду маводди ғалладонаву лубиёӣ низ асар гузошт.
Дар Тоҷикистон низ болоравии шадиди нархҳо ҳанӯз дар соли гузашта мушоҳида шуда буд. Малоҳат Шабанова, ёвари аршади Барномаи Ҷаҳонии Хорбор дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо родиюи Озодӣ чунин гуфт: "Аз моҳи январи соли 2007 нархи гандум дар Тоҷикистон 128 дарсад боло рафт, дар ҳоле, ки нархи орди гандум ба ҳисоби миёна 70 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат нархи равғани рустанӣ 126 дарсад боло рафт".
Бо назардошти вазъи сангини зимистони гузашта ва таъсири он ба вазъи ғазоии ин кишвар ҳукумати Тоҷикистон аз маҳофили байнулмиллалӣ дархости кумак кард. Ба дунболи он Намояндагии Барномаи Ҷаҳонии Хорбор ва соири созмонҳои зидахли байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба маҳофили байнулмиллалӣ хабар доданд, ки Тоҷикистон бо вазъи изтирорӣ рӯбарӯст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагии Барномаи Ҷаҳонии Хорбор Тоҷикистон дар гузориши вижае аз 11-уми феврали соли ҷорӣ чунин вазъ ва сабабҳои онро бозгӯ кардаву навиштааст, ки дар ин кишвар бештар аз 550 000 нафар осебпазиранд ва 260 000 нафари онҳо дар 3 моҳи оянда бояд бо ғазо ва пули нақд таъмин шаванд.
М. Шабанова ҳамчунин афзуд: "Тоҷикистон кишварест, ки нисбат ба ҳар кишвари дигар аз болоравии нархи маводди ғазоӣ осеб мебинад, зеро ин кишвар маводди қобили мулоҳизаи мавриди ниёзи мардумро аз хориҷ ворид мекунад. Мардум захираҳои нақдии худро барои хиридории ғизо сарф мекунанд. Ҳатто таҳқиқот роҷеъ ба амнияти ғазоӣ нишон додааст, ки баъзе аз шаҳрвандон бо назардошти болоравии нархҳо камтар ғазо мехӯранд".
Ба гуфтаи хонум Малоҳат, истеъмоли дер-дер ва ками ғазо ба саломати худи шаҳрвандон низ беасар намемонад. Бо назардошти чунин шароит Барномаи Ҷаҳонии Хорбор дар Тоҷикистон тарҳҳоеро ба иҷро мегузорад. Бар асари офатҳои табиъӣ натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, низ ки солҳои ахир иқтисодашон дар ҳоли рушд буд, аз ҳосили зироъати худ маҳрум шудаанд ва ба кумакҳои ғазоӣ ниёз доранд. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар рӯзномаи "Вошингтон Пост» гуруснагӣ чеҳраи нави худро нишон медиҳад ва аз он ҳатто қишрҳое осебпазир шудаанд, ки дар гузашта таҳти ҳимоят қарор доштанд".
XS
SM
MD
LG