Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодӣ Шабдолов: «Ленинро ба мо диҳед...»


Рӯзи панҷшанбе шумораи навбатии ҳафтаномаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз чоп баромаданд. Муруре гузаро мекунем ба чанде аз онҳо.

Ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар шумораи навини худ менависад, Сандуқи байнулмилалии Пул давлати Тоҷикистонро барои ироъаи иттилоъи нодуруст ва гирифтани кумак танбеҳ дод ва бозпас гардонидани ҳудудан 50 миллион доллари қарзашро тақозо намудааст. Нашрия ба нақли қавл аз коршиносон мегӯяд, чунин бархӯрд, бадбахтона, натанҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба обрӯи сиёсии он низ зарба мезанад. Ҳамин нашрия менависад, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бо ироъаи як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон хостори баргардонидани тандиси Владимир Ленин ба ихтиёри Ҳизби коммунист шуд. Дар номаи худ оқои Шабдолов гуфтааст, барои севумин бор ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба қазияи ҳайкали Ленин дар боғи марказии Душанбе нома менависад, аммо аз номаи аввалаш як сол ва аз номаи дувумаш панҷ моҳ гузаштаасту посухе дарёфт намекунад.
"Паҳлуҳои қавӣ ва заъифи Тоҷикистон" исми як матлаби ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» аст, ки муаллифи он менависад, тоҷикон аксаран сари он баҳс мекунанд, ки Тоҷикистон дорои захоири бойи табиъист ва таъкиди ин нуктаро низ дӯст медоранд. Аммо, идома медиҳад ӯ, заъифии кор дар он аст, ки Тоҷикистон роҳи дурусти истифода аз ин сарватҳои табиъиро надорад, масалан, Тоҷикистон соҳиби корхонаи алюминиюм аст, вале гилхоки онро аз хориҷ ворид мекунад. «Нигоҳ» ҳамчунин аз масдудшавии саҳифаи интернетии Таджики.ру хабар дода, менависад, ки ин саҳифа аксаран барои таҳқири миллати тоҷик машғул буд ва ахиран аз сӯи ҳакерҳои тоҷик шикаста шуд. Нашрия мегӯяд, ҳарчанд пайдо шудани чунин як саҳифаи интернетӣ дар доираҳои гуногун, аз ҷумла нухбагони сиёсӣ, вокунишҳоеро ба бор овардааст, аммо вокуниши расмӣ пайдо нашуд. Мисле, ки мақомоти Тоҷикистон дар марги ҳар як тоҷик дар Маскав хомӯшӣ ихтиёр меварзанд.
Ҳафтаномаи «Фараж» порлумони Тоҷикистонро ба ин далел, ки аз миёни 63 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон танҳо Муҳиддин Кабирӣ нисбатан вакили ҷавону тозаандеш будаву боқимонда солхӯрда «порлумони пир» номидааст. Нашрия иддаъо мекунад, ки порлумони кишвар ба шахсиятҳои ҷавон ва озодандеш ниёз дорад, на ба онҳое, ки барои хотири гирифтани маоши зиёд курсиҳоро банд мекунанд.
«Оё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон давлати исломӣ месозад?» Ин суъол ба назари муаллифи як матлаб аз ҳафтаномаи «Миллат» суъоли мураккаб аст, ки баъзеҳо аз рӯи эҷоди фитна ва баъзеҳо аз рӯи ихлос онро ба миён мегузоранд ва мехоҳанд ҷавоби онро пайдо кунанд. Вале муаллифи ин матлаб пас аз пажӯҳиши зиёд ба натиҷае расидааст, ки ҳеч аз як санади расмии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла на оиннома, на барнома ва на изҳороту баёнияҳои он мавзӯъи сохтани низоми давлатдориеро бо номи давлати исломӣ дар миён нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG