Бахтиёр Ҳамдамов, муовини раиси кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ин аввалин иштироки ширкатҳои сайёҳии кишвар дар бузургтарин маросими муаррифии саноати туризми кишварҳои дунё аст. Оқои Ҳамдамов гуфт, то ҳол ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ равобити дурустеро ба роҳ намондаанд ва таблиғи эшон низ дар хориҷ кам сурат мегирад. Оқои Ҳамдамов гуфт, ширкатҳои сайёҳии кишвар аз қабили «Сайёҳ», «Бунёд», «Тоҷикавиатур» барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии Берлин маводи таблиғотӣ аз қабили роҳнамоҳоро омода карданд. Оқои Ҳамдамов гуфт, иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо ширкатҳои бонуфузи сайёҳии дунё ҳамкорӣ барқарор кунанд.
Дар намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин-2008» ширкатҳои сайёҳии 180 мамлакати дунё иштирок мекунанд.
Миралӣ Ҳаитов, як масъули ширкати сайёҳии «Бунёд» аз иштирок дар ҳамчунин намоишгоҳ истиқбол карда, мегӯяд, то кунун ширкати мазкур танҳо бо чанд ширкати Русия ва Арабистони Саудӣ ва Туркия ҳамкорӣ дошт, вале бо ширкатҳои сайёҳии аврупоӣ робита надошт. Вай афзуд, иштироки ширкати «Бунёд» дар ин намоишгоҳ ба густариш пайдо кардани фаъолияти ин ширкат боис хоҳад шуд.
Коршиносон бар онанд, ки иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин-2008» барои муаррифии кишвар агарчӣ хизмат мекунад, аммо гумон аст ба рушди соҳаи туризм мусоидат кунад. Зеро Тоҷикистон барои инкишофи соҳаи туризм табиати зебо дошта бошад ҳам, меҳмонхонаҳо, хидматрасонии замонавӣ ва дигар шароити заруриро надорад.
Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин-2008» то 9 март идома мекунад.