Брюс Паннир
Ҷануби Қазоқистон беш аз як ҳафта мешавад дар шароити обхезиҳои шадид ба сар мебарад ва қимати ин обхезиҳо барои инсонҳо хеле гарон будааст. Зарифа Турсунбоева, сухангӯи дафтари минтақаии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, бар асари обхезиҳои шадид 12 ҳазору 805 нафар ва 379 манзил зарар дидаанд ва шаш мактаби дигар зери об мондааст. Дар ҳоле, ки масоили хисороти молӣ ҳам матраҳ аст, бояд таъкид кард, ки дар фурсати 22 то 26 феврал ин мардум ба маблағи 18,8 миллион танга, муъодили 157 ҳазор доллар кӯмакро ба шакли ғизо, маводи сӯхт ва ғайра дастрас кардаанд. Илова ба ин, 500 миллион танга аз ҳукумат ирсол шуда ва ироаи боз 500 миллион тангаи дигар дар назар будааст.
Обхезиҳои Қазоқистон аз ду дарёи муҳимтарини Осиёи Марказӣ - Сирдарё ва Амударё маншаъ мегирад. Сирдарё аз Қирғизистон сарчашма гирифта ба Қазоқистон мераваду Амударё аз кӯҳҳои Тоҷикистон ба самти Афғонистон ҳаракат мекунад ва барои чаҳор ҷумҳурии минтақаӣ, ба шумули Ӯзбакистону Туркманистон чун сарчашмаи муҳими захоири обӣ хизмат мекунад.
Тибқи арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, дар таърихҳои 10 март дар ин кишвар обхезиҳои шадидро интизор бояд шуд. Обанбори аслии ин кишвар Шардара аллакай миқдори ҳадди аксари захираҳои обро пур кардааст, дар ҳоле, ки қисмати муҳими ин обҳо ба каналҳои манотиқи ҳамсоя интиқол дода мешавад. Ҳоло мақомот дар андешаи аз маҳалли эҳтимолии фалокатҳои табийӣ берун кардани ҳудудан 200 ҳазор сокини маҳаллӣ мебошанд, навиштааст нашрияи "Время", чопи Қазоқистон.
Дар Амударё бошад, масъалаи яхбандони шадид чун мушкили аслӣ арзёбӣ мешавад. Пораҳои азими ях ҳамакнун ба пулҳову киштиҳо бархӯрд карда, ҳаракати обро масдуд мекунад ва боиси болоравии сатҳи об дар дарё мешавад. Туркманистон барои аз яхҳо поккорӣ шудани соҳилҳо аз артиш ва динамит истифода кардааст.
Масъулини вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбакистон дар Хоразм, ки дар соҳили Амударё ҷойгир аст, мегӯянд, ях дар баъзе ҷоҳо хеле баланд мебошад. Сухангӯи вазорат гуфт, Амударёро 30 сантиметр ях пӯшондааст ва агар ҳаво гарм шавад, ях шикаста метавонад мушкилоти зиёдро ба бор оварад.
Вай афзуд, ки мақомоти Ӯзбакистон барои ҷилавгирӣ аз обхезиҳои шадиди рӯзҳои оянда талош ба харҷ медиҳанд. Аммо ба фарқ аз манотиқи дигари Осиёи Марказӣ, дар Афғонистон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз хатароти эҳтимолии обхезиҳои шадид кори нокофӣ анҷом мешавад.
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, минтақаи нодори Осиёи Марказӣ, ки ҳар сол аз офатҳои табии мисли обхезиҳову хушкии шадид азият мекашанд, маъмулан барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби офатҳои табийӣ кӯтаҳдаст аст ва дар натиҷа, ҳам мақомот ва ҳам мардум дар ниҳояти амр бо паёмадҳо муқобила мекунанд.